Рӯзи якшанбе, 3-юми май қалби ҳунарманди театру синамо, Ҳунарешаи халқии Тоҷикистон Савринисо (Саврӣ) Сабзалиева аз тапидан бозмонд.

Ба гуфтаи пайвандони ҳунарпеша, ӯ аз бемории диабети қанд азият кашида, замони охир вазъи саломатияш бад шудааст.

Саврӣ Сабзалиева 27-уми январи соли 1948 таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, ВГИК (Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематография, машғулиятгоҳи С.Ф.Бондарчук)-ро хатм кардааст. Аз соли 1973 дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард.

Худи ҳамон сол нақши аввалинашро дар кино бозид. Дар филмҳои “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Панҷ нафар дар пайроҳа”, “Ҳеҷбудагон”, “Ман сарҳад”, “Зане аз диёри дур” ва ғайра нақш офаридааст. Узви Иттифоқи синамогарони Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон буд.

Саврӣ Сабзалиева
Сурат аз шабака

Бонуи зебои шарқӣ Саврӣ Сабзалиева дар бисёр спектаклу филмҳо нақши зани тоҷикро хеле олӣ мебозид. Ба туфайли қобилияти беҳамтои ҳунармандӣ ва инсонияш, ҳам ҳунармандону ҳам тамошобинон гармиву неру, зебоӣ ва истеъдоди ӯро эҳсос мекарданд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор медоранд!