Ба наздикӣ дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз мешавад. Имсол 3 ҳазору 200 иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд. Дар робита ба ин масъала ва пешгириву бартараф намудани мушкилоту камбудиҳо дар ин низом ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

Навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст

Дар муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” шарҳ доданд, ки ҳамаи масоили вобаста ба омодагӣ ва баргузории мавсими гармидиҳӣ зери назорати бевоситаи раҳбарияти шаҳри Душанбе қарор доранд.

Дар муассиса зикр карданд, ки дар ҳукумати шаҳр ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи ноҳияиҳои пойтахт ситодҳои фаврии доимо амалкунанда ташкил карда шудааст.

“Дар муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” аз ҳисоби роҳбарони корхонаҳо ва кормандони масъули воҳидҳо навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамаи қитъаҳои ноҳияҳои шаҳр барои таъмини мунтазами гармидиҳӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудии пайдошуда аз ҳисоби мутахассисон гурӯҳҳо (бригадаҳо)-и мобилӣ ташкил карда шудааст”, - гугфтанд дар муассиса.

Як манбаъ дар ин корхона хотиррасон намуд, ки тибқи қонун “Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», ки аз 10 июни соли 2009 тасдиқ шудааст, соҳибмулкон бояд ҳамаи шабакаҳои дохилии хонаро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии сохтори онро халалдор насозанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи манзил монеъа эҷод накунанд.

Ҳамаи арзу шикояти марбут ба ҳолати шабакаҳои гармидиҳӣ то нуқтаи интиқол (элеватор)-и хонаи мушаххас тариқи телефони хадамоти диспетчерӣ 231-75-01 ва 231-32-79, инчунин шабонарӯзӣ бо телефонҳои 932016127 ва 933001524 қабул карда мешаванд.

“Дар ҳамин ҳол, фаромӯш набояд кард, ки бартараф намудани нуқсу носозиҳо дар шабакаҳои дохили хона ва ивази таҷҳизоти гармидиҳӣ аз ҳисоби соҳибони манзил иҷро карда мешавад”, - зикр кард манбаъ дар муассиса.

Ҳадди масъулият тақсим шудааст

Мувофиқи қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ, ҳадди масъулияти корхонаи таъминкунандаи гармӣ ва истеъмолгарони энергияи гармӣ муайян карда шудааст. Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор), ки маъмулан дар паҳлӯи биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи он воқеъ аст, масъул мебошад.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд.

Шабакҳои гармидиҳии бино ва дохили хонаҳо моликияти соҳибмулкон буда, мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамаи корҳои омодагӣ ба мавсими зимистон (иваз ва таъмири қубурҳо, дигар таҷҳизот, тозакунии онҳо, таъмир ва насби батареяҳо) бояд аз ҳисоби худи сокинони бино пардохт шаванд.

Хидматрасонии муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” дар мавриди интиқоли гармӣ то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор) бепул аст.

Пеш аз муроҷиат намудан ба муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ҳамаи қубурҳо дар бино, даромадгоҳ (подъезд) ва дохили хонаро санҷидан зарур аст, зеро мушкилот метавонад маҳз дар ҳамин қитъаҳо бошад.

Ҳангоми пайдо шудани ягон мушкилӣ сокинони биноҳои истиқоматӣ ба Раёсати истифодабарии манзил (ЖЭУ)-и маҳалли зисти худ, ки дар он ҷо мутахассисон ҳастанд, инчунин бо пардохти пул ба дигар устоҳо муроҷиат карда метавонанд. Нархи хидматрасонии онҳо ба ҳаҷми кор, хароҷоти масолеҳ ва ғайра вобаста буда, ин масъаларо ҳар кадоме мустақилона ҳал мекунад.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” аз шаҳрвандоне, ки бо неруи гармӣ таъмин карда мешаванд, дархост мекунад, ки маблағи истифодаи онро саривақт пардохт намоянд, зеро кори минбаъдаи босифати корхона ба ҳамин вобаста хоҳад буд.

Нархи истифодаи энергияи мутамарказӣ гармӣ:

- барои аҳолӣ: 1,18 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ бо назардошти Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ);.

- барои ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ: – 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ).

- барои дигар истеъмолгарон: 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардоти ААИ).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.