Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24-уми октябр, дар шаҳри Қазон бо раиси ҷумҳури Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд. Ин мулоқот дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+”, ки айни ҳол дар шаҳри Қазон идома дорад, доир гардид.
Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, таъкид доштааст, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия масоили ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад.
Таъкид гардидааст, ки саҳми Тотористон дар ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бо назардошти имконоти мавҷуда мумкин аст ин нишондод боло бардошта шавад.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористонро баррасӣ карда, ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, маъдан, нафту газ, саноати химия, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон диққати хоса зоҳир карданд.
Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф зарур шумурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 23-юми октябр, бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар нишаст (саммит)-и 16-уми БРИКС ба шаҳри Қазони Тотористон сафар кард.
Нишасти БРИКС 22-юми октябр оғоз гардид ва қарор аст то 24-уми октябр идома ёбад. Дар ин нишаст ширкати 20 ҳазор меҳмонони воломақом аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла 36 сарвари давлат, дар назар аст.
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста