Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 аз дастаи “Трактор”-и Эрон бо ҳисоби 1 бар 3 шикаст хӯрд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид.
Ягона голи “Равшан”-ро дар ин бозӣ Девид Мавутор, футболбози ғаноӣ ба ҳадаф расонд. Ин аввалин голи даста дар таърихи мусобиқоти мазкур ба ҳисоб меравад.
Рақобати “Равшан” бо “Трактор”, ки шомили гурӯҳи “А”-и мусобиқа ҳастанд, бояд дар шаҳри Табрези Эрон баргузор мегардид, аммо ба гуфтаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳҳо табодули давр карданд. Бозӣ дар Табрез бошад, дар даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 6-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.
Дастаи шаҳри Кӯлоб баъди бохт аз табрезиҳо бо 0 имтиёз дар зинаи охири ҷадвали гурӯҳи “А” мавқеъ гирифт. “Трактор” бо ба даст овардани се холи дигар ба садри ҷадвали гурӯҳ баромад.
Ёдрас мешавем, ки “Равшан” дар бозии якуми худ дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, ки рӯзи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон баргузор гардида, бо натиҷаи 0:0 тамом шуда буд, як имтиёз ба даст овард. Аммо баъдан имтиёзи “Равшан” бекор шуд, зеро бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор” худдорӣ кард ва аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё берун карда шуд.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бошад, “Равшан” рӯзи 2-юми октябр дар Душанбе аз тими “Ал-Вакра”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 ноком шуд.

Қобили зикр аст, ки дирӯз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ҳам дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 аз рақиби худ мағлуб шуд.
Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.
Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.
Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.
Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2025
Чаро додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукми сафедкунанда содир намекунанд?
Андоз аз воситаҳои нақлиёт зиёд шуд. Акнун соҳибони мошинҳо чанд сомонӣ андоз пардохт мекунанд?
“Демагогия ва иғвоангезӣ”. Содир Жапаров як вакили парлумони Қирғизистонро барои интиқод аз созишномаи марзӣ танқид кард
Ромиш Шералӣ - меросбари шоири номвар Лоиқ Шералӣ даргузашт
Дар як минтақаи Русия қарори манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон бекор шудааст
Фестивали “Сад ранги чакан” чӣ гуна ҷамъбаст шуд?
Ду ҷавон дар Душанбе ба шикастани терминалҳо ва дуздии пул гумонбар дониста мешаванд
Иҷлосияи нахустини ҳайати нави парлумон рӯзи 19-уми март баргузор мегардад
Путин ба ҳалли масъалаи муҳоҷирон муҳлат дод. Русия чӣ гуна хориҷиёнро интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста