Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 аз тими “Ал-Ваҳда”-и Урдун мағлуб шуд. Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 22-юми октяб дар Душанбе баргузор гардид ва бо натиҷаи 0 бар 1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт. Голи ягонаи рақобатро Файсал Фаҷр, бозигари хати миёнаи дастаи “Ал-Ваҳда” дар қисмаи дуюми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Баъди ин нокомӣ “Истиқлол” бо касби 0 имтиёз дар қаъри ҷадвали гурӯҳи “С”-и мусобиқот маскан гирифт. Дастаи “Ал-Ваҳда” бо пирӯзӣ дар баробари “Истиқлол” имтиёзҳояшро ба 6 адад расонида, дар зинаи дуюми гурӯҳ ҷойгир шуд.

Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ “Ал-Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3 бар 1 “Сипоҳон”-и Эронро ноком кард ва бо 7 хол садрнишини гурӯҳ шуд.

Ҳамакнун, дар даври баъдии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 рӯзи 5-уми ноябр дастаи “Истиқлол” бозии ҷавобии худро бо “Ал-Ваҳда” дар Урдун баргузор мекунад.

Бояд гуфт, ин сеюмин шикасти пайиҳами дастаи пойтахти кишвар дар ин мусобиқот аст. Чанде қабл раҳбарияти дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченкоро дигарбора ба вазифаи сурамураббии даста таъин кард, аммо дар бозии охир кордонии ӯ ҳам бохтҳои дастаро пешгирӣ карда натавонист.

Ёдрас мешавем, ки “Истиқлол” дар даври аввал дар баробаи "Ал-Шарҷа" бо натиҷаи 0 бар 1  ва дар даври дуюм аз “Сипоҳон” бо ҳисоби 4 бар 0 ба шикаст мувоҷеҳ шуда буд.


Имрӯз дастаи дигари Тоҷикистон – “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бозии сеюми худро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё муқобили дастаи “Трактор”-и Эрон дар Душанбе баргузор мекунад.

Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.

Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.

Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб  тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.