Дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи кумаки ширкати тоҷикистонии Avesto Group ба табибонро баррасӣ мекунанд. Корбарон аз барчасби қуттиҳо бо парчамҳои Чин ва Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб карданд. Мардум бар ин назаранд, ки ширкат кумаки башардӯстонаро азхуд кардааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, кумакеро, ки ширкат ботантана ба таваллудхонаи №2-и пойтахт дод, пас аз наворбардории гузориши видеоӣ аз табибон бозпас гирифтанд. Барои шарҳи масъала “Азия-Плюс” ба Avesto Group муроҷиат кард.
“Кадом давлате набошад, ба як давлати дигар кумаки башардӯстона кунад, ман фикр намекунам, ки ба ширкати хусусии дигар давлат пешниҳод кунад, ки ту аз номи худат гирифта, ба давлати худат супор. Ҳол он ки ин кумаки башардӯстонаи давлати ҳамсоя, давлати абарқудрат аст”, - гуфт Зафар Бурҳонзода, сарвари иҷроияи Avesto Group.
Вай афзуд: “Бо назардошти он ки 4 сохтор молу маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ таҳвил доданд, аз ҳамин хотир, тамоми мавод дар дохили 2 мошине, ки дар навор инъикос гардидааст, оварда шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон бо сабаби душвории боркашонӣ аз Чин, ҳамроҳи бори ширкат, боз молу маводи 3 ташкилоти дигар бо мошинҳои боркаш оварда шуданд, ки дар байнашон ҳамчунин кумаки башардӯстона аз номи ҳукумати Чин буд. Зимни интиқол ҳамаи қуттиҳои 4 ташкилот омехта шуд. Дар гузориш оид ба кумаки Avesto Group кумаки башардӯстона аз Чин низ ба навор афтодааст.
“Пас аз таҳвили молу маводи тиббӣ ба саҳни ҳавлии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ҳангоми кушодани автомашинаҳои боркаш муайян гашт, ки ҳамаи молу маводи ташкилотҳои гуногун омехтааст. Аз ҷониби намояндагони Агентии захираҳои моддии давлатӣ пешниҳод гардид, ки дар анбори худи Агентӣ тақсимоти молу мавод ба роҳ монда шавад, - изҳор дошт Бурҳонзода. - Он молу маводе, ки ҳангоми кушодани мошинҳои боркаш дар саҳни ҳавлӣ фароварда шуд, бо назардошти он ки омехта буданд, бозпас ба автомашинаҳо бор карда шуданд ва дар анбори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба ҳамон сохторҳое, ки бевосита дар асоси санадҳои дахлдори гумрукӣ ба номи онҳо молу мавод оварда шудааст, тақсим карда шуд”.
Қобили зикр аст, ки Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва таваллудхонаи №2 як ҳавлии умумӣ доранд.
Ба қавли Бурҳонзода, пас аз ҷудо шудани бор, Чин кумаки башардӯстонаи худро тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ супурда, Avesto Group қуттиҳои худро ба анбори Раёсати тандурустӣ овард, ки айни замон дар ҳамин анбор ҷойгиранд.
“Маводи тиббиро бо имзоҳову муҳрҳои дахлдор қабул карда, дар анборе, ки айни замон барои мо вогузор шудааст – як қисми бинои таваллудхонаи шаҳрии №2, ҳамаи он ҷойгир карда шудааст, - иброз дошт Ато Собирзода, намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе. - Зиёда аз 53 ҳазору 200 лавозимоту маводи муҳофизатии тиббӣ аз ҷониби ин ширкат ба Раёсати тандурустӣ супорида шуд. Аз ҷумла, 10 ҳазор адад либосҳои махсуси муҳофизатӣ, 18 ҳазору 200 адад ниқобҳои тиббӣ, 10 ҳазор адад айнакҳои муҳофизатӣ ва айнакҳои пластикии муҳофизатие, ки куллан рӯйро ҳимоя мекунад”.
Тақсимоти лавозимоту маводи тиббиро ба беморхонаҳои пойтахт оғоз кардаанд. Онҳоро аллакай 4 муассиса: Маҷмааи тиббии “Истиқлол”, Маркази солимии №1, Беморхонаи сироятии шаҳрӣ ва Беморхонаи сироятии кӯдакона гирифтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.