Дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шушҳо (ИВЛ) сохта шуд. ки аз ҷониби кормандони яке аз сохторҳои Академияи миллии илмҳо таҳия гардид.

“Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки аз ҷониби олимони тоҷик сохта шуд, дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона озмуда шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи намунаи истеҳсоли Тоҷикистон ба меъёри нишондиҳандаҳои чунин дастгоҳҳо пурра ҷавобгӯ буда, аз барқ кор мекунад ва вазнаш 5 кило мебошад.

Аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Тоҷикистон айни замон дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе барои осон кардани нафасгирии беморон истифода мешавад.

Академик Раҳимӣ қайд кард, ки Академияи илмҳо ба ҳукумат ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ бо пешниҳоди пурра ва ба таври силсилавӣ роҳандозӣ кардани истеҳсоли чунин дастгоҳҳо дар ҷумҳурӣ муроҷиат намудааст.

“Барои сохтани ин дастгоҳ воридоти таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷи кишвар лозим нест, намунаи дастгоҳ пурра аз воситаҳои техникие бандубаст шудааст, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд”, - иброз дошт академик.

Ихтироъкори хуҷандӣ кумак кардан мехоҳад

Дар ҳамин ҳол, нафақахӯр аз Хуҷанд Нуъмон Ҳасанов, ки ба таъмиру истеҳсоли аробачаҳои маъюбӣ машғул аст, дастгоҳи ёридиҳандаи нафасдиҳии шушҳо ихтироъ кард. Қаблан ӯ дастгоҳи паҳнкунии дуди ҳазориспанд низ сохта буд.

Ба гуфтаи худи нафақахӯр, дастгоҳи ӯ аз қисмҳои компютер ва танзимгари шиддат (стабилизатор) сохта шуда, онро дар муддати се рӯз бандубаст кардааст.

Нафақахӯр ба беморхонаҳо пешниҳод мекунад, ки чунин дастгоҳ гиранд. Ба қавли вай, дар муқоиса бо дастгоҳҳои гарони нафасдиҳии сунъӣ, ин хеле арзонтар меафтад.

“Ба корхонаҳои саноатӣ пешниҳод дорам, ки бо дастгоҳи ман, ки ҳозир барои беморон хеле зарур аст, аз наздик шинос шаванд. Бо ихтирои чунин дастгоҳ мехоҳам, ки дар мубориза бо коронавирус саҳми худро гузорам”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Нуъмон Ҳасанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.