Шумори муҳоҷироне, ки бо патент дар Русия кор мекунанд, нисбат ба онҳое, ки Иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) доранд, хеле зиёдтар аст.

Дорандагони патентҳо ташвиши бисёртар доранд ва муҳимаш он аст, ки ҳамаашро дуруст ва саривақт бояд ба анҷом расонӣ. Мо тасмим гирифтем, ки барои муҳоҷирони дорои патент як дастури начандон бузург таҳия намоем, то ки кай, дар куҷо ва кадом корро анҷом доданашонро бидонанду мақоми ғайриқонунӣ нагиранд.

Гирифтани патент

Пеш аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент санҷиши манъи вуруд ба Русия аз манфиат холӣ нест. Ин корро метавон дар сомонаи ВКД Русия ё бевосита бо пешниҳоди ариза ба воҳиди минтақавии Сарраёсати масоили муҳоҷирати (СРММ) ВКД Русия анҷом дод. Фаромӯш насозед, ки муҳри манъи вурудро натанҳо ВКД гузошта метавонад.

Инак, шумо барои пайдо кардани кор ба Русия омадед. Коре, ки дар навбати аввал шумо бояд пас аз ба қайд гузоштан анҷом диҳед, гирифтани патент мебошад.

Диққат! Аз қаллобоне, ки “хизмат” барои бақайдгузориро пешниҳод мекунанд, эҳтиёт бошед. Бо қайди қалбакӣ гирифтани патент ғайриимкон аст. Ва боз танҳо баъди гузашти як сол метавонед бори дигар барои гирифтани патент муроҷиат намоед.

Барои гирифтани патент на дертар аз муддати 20 рӯз аз замони вуруд муроҷиат кардан имкон дорад, зеро патентро шумо бояд дар муддати як моҳи баъди вуруд дастрас намоед.

Ҷарима

Вақте ба ҳама гуна шаҳри Русия ба кор меравед, бояд дар хотир дошта бошед, ки дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ ё беҳтараш дар муддати 20 рӯз аз замони вуруд шумо бояд патентро ба расмият дароред. Барои гирифтани патент маҳз ҳамин қадар муҳлат муқаррар шудаст. Агар дар ин муддат аз уҳдаи иҷрои ин кор набароед, дар хотир доред, ки барои риоя накардани муҳлати ба расмият даровардани патент дар ҳаҷми аз 10 то 15 ҳазор рубл ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст (моддаи 18.20 Кодекси ФР дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ).

Дар хотир дошта бошед, ки ин ҷо танҳо сари рӯзҳои тақвимӣ сухан меравад.

Баъзан ҳолатҳое рӯйи кор меоянд, ки саривақт ба расмият даровардани патент муяссар намегардад. Дар чунин ҳолатҳо “гапзанон” кардани корманди маркази муҳоҷират барои қабули ҳуҷҷатҳои шумо лозим нест.

Ғайр аз ин, ба пардохти ҷарима ҳам базудӣ розӣ шудан лозим нест, чунки ба ҷуз зиёд будани ҳаҷми ҷарима, барои шахси қонуншикан санади маъмурӣ тартиб дода шуда, дар бораи он ба пойгоҳи ВКД маълумот ворид мегардад, ки ин аллакай ними роҳ барои хориҷ кардан аст.

Дар хотир дошта бошед, ки агар шумо давоми се соли охир ду қонунвайронкунии маъмурӣ дошта бошед, ин барои ихроҷ ва манъи вуруд ба Русия ба муҳлати се сол асос шуда метавонад.

Тарзи комилан қонунии канорагирӣ аз ҷарима мавҷуд аст: танҳо гузаштан аз сарҳад кофӣ буда, пас аз он ҳисоби нави 30 рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент аз нав шурӯъ мешавад.

Пардохти маблағи патент

Патент дар сурати пардохт шудани маблағи он ҳақиқӣ аст. Дар ҳолати пардохт нашудан, муҳлати амали патент хотима меёбад. Квитансияи пардохти андоз аз даромади шахсони воқеиро ба таври автоматӣ метавон дар сомонаи электронии хизматрасонии “Квитансия барои пардохти патент” ба расмият даровард ё дар маркази муҳоҷират гирифта, дар ҳама гуна бонк пардохт намуд. Ҳамаи квитансияҳои пардохтшударо то гирифтани патенти нав бояд нигаҳдорӣ кард.

Агар шаҳрванди хориҷӣ Русиро тарк кардаву маблағи патентро дар давраи ҳузур надоштанаш пардохт накард, баъди бозгашт ба қаламрави Руси барояш гирифтани патенти нав зарур аст.

Арзиши патент гуногун ва ҳар як минтақа ё шаҳр онро мустақилона муайян мекунад. Патент аз ҳама гаронтар дар Ҷумҳурии Саха (Якутия) – 9335 рубл нарх дошта, патенти Ҷумҳурии Олтой арзонтарин – 2807 рубл мебошад.

Нархи патент дар Маскав ва Санкт-Петербург мутаносибан 5 ҳазор ва 3 ҳазору 800 рубл, дар вилояти Маскав – 4 ҳазору 750 рубл ва вилояти Ленинград – 3 ҳазору 800 рубл арзиш дорад.

Рӯйхати ҳамаи минтақаҳои Русияро бо нархи патент дар онҳо бо ин суроға дарёфт карда метавонед.

Оё метавон дар пардохти маблағи патент маблағ сарфа намуд?

Дар ҳолати мазкур сарфа кардан тааҷҷубовар менамояд, зеро нархи патентҳо давоми сол тағйир намеёбанд. Вале ба ҳар ҳол, чунин имкон вуҷуд дорад. Инро метавон охири ҳар сол анҷом дод – то 31 декабри ҳар сол шумо метавонед патент барои соли ояндаро бо нархи ҳамин сол пардохт намоед.

Масалан, агар нархи патент дар Маскав 5 ҳазор рубл бошаду охири сол маълум мешавад, ки нархи он боло меравад, пас агар то охири моҳи декабр фурсат пайдо кунед, шумо метавонед муҳлати патенро бо нархи пешина дароз кунед.


Дароз кардани муҳлати патент

Барои дароз кардани муҳлати патент ба соли дуюм ва идомаи кор дар Русия бар асоси моддаи 13.3, банди 8 Қонуни федералии №115 шаҳрвандони хориҷӣ бидуни тарки қаламрави Русия метавонанд дубора патенти корро ба расмият дароранд.

Муҳлати ҳадди ниҳоии патент дар Русия 12 моҳро тташкил медиҳад. Агар муҳлати патент ба охир расида, шумо барои як соли дигар қарордод дошта бошед, бе тарсу ҳарос метавонед барои боз як сол дароз кардани муҳлати патент ба Маркази муҳоҷират муроҷиат кунед.

Дар хотир дошта бошед, ки патентро танҳо як маротиба ба муҳлати як сол дароз карда метавонед, ба соли сеюм дароз кардан имкон надорад ва мебояд патенти нав гирифт, лекин барои ин шуморо лозим аст, ки қаламрави Русияро тарк кардаву боз ба он ворид шавед.

Дубора ба расмият даровардани патент

Дубора ба расмият даровардани патент танҳо 1 маротиба мумкин аст (барои ин қаламрави Русияро тарк кардан лозим нест).

Инро метавон дар Маркази муҳоҷирати ҳамон субъекте, ки дар он кор мекунед, анҷом дод.

Барои дубора ба расмият даровардани патент бастаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои бори якум ба расмият даровардани он лозим аст ва иловатан пешниҳоди чунин санадҳо зарур аст: ҳамаи квитансияҳои пардохти ҳармоҳаи муҳлати амали патент; дархости корфармо доир ба дар шакли озодона дубора ба расмият даровардани патент; шартномаи меҳнатӣ бо корфармо.

Барои дубора ба расмият дароварданипатент ҳамчунин зарур аст, ки корфармо ба Раёсати масоили муҳоҷирати Сарраёсати ВКД Русия дар бораи имзои шартномаи меҳнатӣ бо шумо огоҳинома ирсол намояд.

Агар шумо назди ШАХСИ ҲУҚУҚӢ кор кунед, дар муддати ду моҳ аз замони гирифтани патент шартномаи меҳнатиро ба Раёсати масоили муҳоҷирати Сарраёсати ВКД Федератсияи Русия пешниҳод кардан лозим аст.

Як патенту ду кор?

Шаҳрванди хориҷӣ дар ду ё зиёда ҷой дар ҳамон минтақае кор карда метавонад, ки дар патенташ ҳамон минтақа зикр шудааст.

Агар дар патент ихтисос, вазифа ё навъи фаъолият дарҷ ёфта бошад, пас шаҳрванди хориҷӣ дар ҳамон мавқеъҳое кор карда метавонад, ки дар патенти кор зикрашон рафтааст.

Барои мисол, патенти шаҳрванди хориҷӣ дар вилояти Ленинград гирифта шуда, навъи фаъолият – боркаш зикр шудааст. Дар ин ҳолат шаҳрванди хориҷӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамин кор машғул шуда метавонад?

Не, наметавонад, зеро патент барои дигар минтақа гирифта шудааст.

Ивази вазифа\касб

Баъзе минтақаҳои Русия қоидаи зикри вазифа ё касбро дар патент, ки бо он кор мекунед, ҷорӣ намуданд. Дар хотир дошта бошед, ки агар чунин патент бо зикри вазифа ва касбро гирифта бошед, барои бо дигар ихтисос кор кардан ҳуқуқ надоред. Масалан, агар шумо коргари ёридиҳанда бошед, шумо ба иҷрои вазиафҳои мерчендайзер (молшинос) ҳуқуқ нахоҳед дошт.

Чунин тадбир сарбориро ба муҳоҷир зиёд кард, ки дар ҳолати ивази вазифа ба гирифтани патент бо зикри вазифаи нави ишғолкарда уҳдадор мегардад.

Барои риоя накардани ин қоида мувофиқи моддаи 18.15, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия “Ҷалби ғайриқонунии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Русия”, дар шакли аз 2 то 5 ҳазор рубл барои шаҳрвандон; аз 25 то 50 ҳазор рубл барои мансабдорон ва аз 250 то 800 ҳазор рубл барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима ё боздошти маъмурии фаъолият ба муҳлати аз 14 то 90 шабонарӯз ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қонунгузории муҳоҷирати Русия, барои даст доштан дар ду чунин қонунвайронкунии маъмурӣ, муҳоҷирро ихроҷ аз Русия ва имкони манъи вуруд интизор аст

Рӯйхати тамоми минтақаҳое, ки дар онҳо патент бо зикри вазифа дода мешавад, бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.