Дар дехаи Алмосии ноҳияи Ҳисор истироҳатгоҳи наве, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуд, ифтитоҳ ёфт. Дар он кӯдакон имкон доранд тамринҳо намуда, дар табиат истироҳат кунанд ва пеш аз соли нави таҳсил нерӯи тоза бигиранд. Интернети бемаҳдуд барои алоқа бо хона аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” таъмин карда мешавад.

МегаФон Тоҷикистон ва Федератсияи ҷумҳуриявии футбол шарикони дерина мебошанд. Лоиҳаи бузургтарини муштараки онҳо – баргузории мусобиқаҳои футбол таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мусобиқаҳои мазкур барои кӯдакони хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо гузаронида мешаванд. Оператор зиёд ба сифати шарики телекоммуникатсионии рӯйдодҳои варзишӣ баромад карда, ба иштирокчиён хизматрасониҳои боэътимоди алоқаро пешниҳод менамояд. Ҳамин тариқ, истироҳатгоҳи тобистона дар Алмосӣ бо дастрасии интернет аз рӯйи технологияи Wi-Fi таъмин карда шуд.  

“Деҳаи Алмосӣ дур аз шаҳрҳои калон қарор дорад, бинобар ин мо махсусан барои ҳайати кормандон ва тарбиятгирандагони лагери футбол дастрасии бесимро ба шабакаи интернет ташкил кардем. Интернети бесим ба кӯдакон имкон медиҳад, ки ба дӯстонашон аксҳои худро ирсол намуда, ба хона тавассути паёмрасонҳо даъватҳо анҷом диҳанд ва бо наздикон тавре муошират намоянд, ки онҳо одат кардаанд”, - мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.