Пас аз ифтитоҳи эстакада дар Қарияи Боло тасмим гирифта шуд, ки микроавтобусҳо (маршрутка)-ҳо бо он ҳаракат намекунанд.

Тавре аз шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар доданд, бо эстакадаи нав дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тариқи маҳаллаҳои 82 ва 91-ум аз нақлиёти мусофирбар танҳо автобусу троллейбус ҳаракат мекунанд.

“Ҳозир бо ин роҳ автобусҳои №8, 18, 22, 25, 12 ва троллейбуси №10 равуо дошта, онҳо хизматрасонии саривақтиро ба мусофирон таъмин мекунанд”, - хабар дод диектори КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлат.

Автобуси №8 дарвозаҳои ғарбии Душанбе (маҳаллаи Зарафшон)-ро бо мавзеи фурудгоҳ пайваст мекунад. Самти ҳаракати он аз хиёбони И. Сомонӣ, Рӯдакӣ, Айнӣ ва кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Мастонгулов мегузарад.

Автобуси №18 маҳаллаи Пахтакор (ноҳияи Рӯдакӣ)-ро бо майдони “Сарҳадчиён (Водоннасос) пайваст мекунад. Самти ҳаракати он аз хиёбони Борбад, кӯчаи Фирдавсӣ ва хиёбонҳои  Неъмат Қаробоев, Саъдии Шерозӣ, Сино, И.Сомонӣ ва Рӯдакӣ мегузарад.

Автобуси №12 аз маҳаллаи 63-юм то Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) равуо мекунад: самти ҳаракати он аз хиёбонщои Неъмат Қаробоев, Саъдии Шерозӣ, Сино ва Исмоили Сомонӣ мегузарад.

Автобуси №22 дарвозаҳои ғарбии Душанберо бо кӯчаи Гагарин (Водонасос) пайваст карда, самти ҳаракаташ аз хиёбони Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ва хиёбони Рӯдакӣ мегузарад.

Автобуси №25 аз маҳаллаи Зарафшон то бозори “Меҳргон” (тариқи  хиёбонҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Сино, Саъдии Шерозӣ, кӯчаҳои Ҷалол Икромӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, хиёбони Дӯстии халқҳо ва кӯчаи Бадахшон (Пивзавод)) меравад.


Директори “Душанбенақлиётхадамотрасон” қайд кард, ки бо эстакадаи нав танҳо 1 троллейбуси №10 бо хатсайри дарвозаҳои ғарбӣ - дарвозаҳои шарқии Душанбе (самти Ваҳдат) ҳаракат карда, самти роҳи он аз хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва Нусратулло Махсум мегузарад.

Ҷумъахон Давлат ҳамчунин зикр кард, ки микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №8, 25, 17, 58 ва 26 тариқи кӯчаҳои Карамов ва Алишери Навоӣ то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ҳаракат карда, лекин “бо роҳи асосӣ равуо намекунанд”: ҳозир онҳо бо самти баъди баста шудани роҳ барои таъмир ҳаракат мекунанд.

Бо эстакада дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба микроавтобусҳои №25, 46, 28, 47 равуо иҷоза дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.