Генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

“Чанде рӯз пеш ӯ дар Маркази шаҳрии клиникии №1 ба номи Карим Аҳмедов (1-ум Советский) ба гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, - хабар дод як манбаъ аз прокуратура. - Баъд ду рӯз бар асари бад шудани вазъи солимиаш вафот кард”.

Қурбоналӣ Ҳасанов 30 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1978 риштаи ҳуқуқшиносиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои зиёд дар низоми прокуратура кор карда, соли 1996 дар Прокуратураи генералӣ сардори шуъбаи ташкил ва назорати кор таъин шуд. Баъдан ба ҳайси сардори шуъбаи тафтишоти пешакии Прокуратураи генералӣ фаъолият дошт.

Соли 2005 Қурбоналӣ Ҳасанов ба нафақа баромада, то рӯзҳои охири умр дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон омӯзгорӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.