Ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни Душанбе ва Тошканд созиш ҳосил карданд.
“Айни замон санаи дақиқи дубора роҳандозӣ намудани парвозҳо ва тартиб додани ҷадвали парвозҳо байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар мувофиқа мешавад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд аз 16 марти соли равон қатъ гардида буд.
Ғайр аз ин, Ӯзбекистон дар қатори дигар давлатҳо аз 16 март сарҳадҳои роҳи заминиашро низ бо Тоҷикистон баст.
Қарори қатъи муваққатии алоқаи ҳавоӣ бо Душанбе ва чанде аз дигар шаҳрҳои ҷаҳон аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон дар робита ба рӯзи 15 март ошкор шудани чор мавриди аввали сироят ба коронавирус дар ин кишвар қабул шуд.
Ёдрас мекунем, ки алоқаи ҳавоӣ бо Русия то ҳол барқарор нашудааст: парвозҳои мунтазами байнулмилалӣ байни кишварҳо танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи марбут бо коронавирус ва эълони расмӣ дар ин бора аз ҷониби мақомоти ваколатдори кишварҳо барқарор мешавад. Чанде пеш Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон чунин изҳорот баён карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.