Раиси шаҳри Душанбе ба манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ” аз соати 18 то 23:30 то охири моҳи октябр барои омодагӣ ба сафороӣ иҷоза дод.

Гузашти низомӣ дар Душанбе ба муносибати маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ” пеш аз гузашти низомӣ, ки рӯзи 30 октябр пешбинӣ гардидааст, манъ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Ёдрас мекунем, ки қариб тамоми моҳи октябр дар майдони “Дӯстӣ” ба ин гузашт омодагӣ ҷараён дошт ва дар ин робита ҳаракати автомашинаҳо шомгоҳон аз соати 19 то 22 қариб дар тамоми маркази пойтахт қатъ мешуд.

Гузашти низомиро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Мирзо қабул карда, ба сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, президенти Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омодагии ҳудуди 8 ҳазор сарбозону афсарони гарнизони Душанбе ба сафороӣ гузориш медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.