Маскав, шояд, пас аз хулосаи комиссия оид ба арзёбии вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Душанбе барқарор кунад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал дар шаҳри Душанбе вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода изҳори назар кард.
Дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврал дар Маскав доир гардид, Ширин Амонзода низ иштирок карда, ин ҷо низ чунин масъала баррасӣ шудааст.
“Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои баҳодиҳӣ ба вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон комиссия фиристода, аз рӯйи натиҷаҳои сафари ин комиссия доир ба иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия қарор қабул хоҳад шуд”, - қайд кард вазир.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи натиҷаҳои сафар мутахассисони Роспотребнадзор ба ситоди фаврӣ оид ба пешгирии воридкунӣ ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар қаламрави Русия барои баррасӣ гузориш омода мекунанд.
Талаботи асосии Русия дар ин самт - риояи қоидаву меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ мебошад.
Оғози сохтмони мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон тобистони ҳамин сол дар назар аст.
Бино ба маълумоти Вазорат, соли 2020 аз Тоҷикистон ҳамагӣ 129 ҳазору 807 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки 76% камтар аз соли пешин мебошад. Аз ин шумор 117 ҳазору 912 нафар Русия ва 4574 нафар - Қазоқистонро кишвари муҳоҷират интихоб кардаанд.
Айни замон Тоҷикистон аз корфармоҳои Русия дар соҳаҳои гуногун - сохтмону хоҷагии манзилию коммуналӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва ғайра дархостҳои зиёд мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.