Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳуҷҷатҳоро барои сафар ба Русия сохтакорӣ накунанд.

Дар муроҷиати Вазорат дар саҳфаи Facebook аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз хариди билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои«Уральские авиалинии» бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ (асос барои вуруд ба Русия) худдорӣ кунанд.

Ширкати "Уральские авиалинии" ба якчанд шаҳри Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад. Бо ин хатсайрҳо танҳо шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандоне, ки барои вуруд ба Русия асос доранд, ба қаламрави ин кишвар ворид шуда метавонанд. Билет ба ин хатсайрҳо нисбат ба парвозҳои доимӣ гаронтар аст.

Аз ин рӯ, Вазорати меҳнат аз шаҳрвандони даъват мекунад, ки аз сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намуда, зимни харидорӣ аз чиптаҳои ҳавоии "Уральские авиалинии" ба доми қаллобон гирифтор нашаванд, зеро ки баъди ворид гардидани шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Русия барои онҳо мушкилӣ пеш меояд.

Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки парвозҳои мустақим ба шаҳри Москва тавассути ду ширкати ҳавоӣ: “Сомон - эйр” ва “ЮтЭйр” ҳафтае якмаротибаӣ ба самти Душанбе – Москва – Душанбе сурат мегирад. Нархи билетҳо ба ҳар ду самт 500 доллар муқаррар шудааст.

Зикр мегардад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кор кардан дар Русияро доранд метавонанда ба Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорат муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос:  2362245; 2368929;

Хадамоти муҳоҷират дар хориҷа: 2213983; 2213985; 90 - 688 93 -13; 555551080;

 Хадамоти муҳоҷират: 225-07-33, 225-08-33, 225-05-75.

e-mail: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.