Шаби 16 май актёри маъруфи театру кинои тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев дар синнни 69-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ӯ аз сактаи шадиди қалб вафот кардааст. Дар ҳамин ҳол, зикр кардаанд, ки Мӯсоев ҳеҷ гоҳ аз беморие шикоят надошт.

Назирмад Мӯсоев соли 1952 дар ноҳияи Маскав (феълан - Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кигнематография (ВГИК) дар Маскавро хатм намуда, солҳои 80-уми қарни гузашта пас аз иҷрои нақш дар филми “Ӯ маро хуш дорад” байни мардум шинохтаву писандида гардид. Ғайр аз ин, ӯ дар даҳҳо филмҳои замони шӯравӣ ва солҳои соҳибистиқлолии кишвар нақшаҳои мондагоре бозидааст. Ҳамчунин яке аз актёрони маъруфи театри тоҷик дониста мешуд.

Толори асосии нақшофарии ӯ Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов маҳсуб меёфт, ки Назирмад Мӯсоев тӯли тамоми умр дар он фаъолият дошт. Дар замони бознишастагӣ низ дар толори ин театр нақш иҷро мекард.

 

Спектакли "Тарма", ки ӯ ду соли ахир дар он нақш мебозид
Сурат: Asia-Plus

Маросими видоъ бо Назирмад Мӯсоев рӯзи якшанбе, 16 май дар пойтахт баргузор шуд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” даргузашти ин ҳунарманди варзидаро талафоти бузург барои фарҳанги тоҷик медонад ва ба хонаводаи эшон, наздикону пайвандонаш дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.