Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки рӯзи 27 май интиқоли барқ ба баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии корхона, бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рузи 27 май аз соати 09:00 то 17:00 дар як қисми  кучаҳои ноҳияҳои Исмоили   Сомонӣ:  кӯчаҳои Сурхоб, Заҳматобод, Сахбо, Санои, Донишҷуён;     Шоҳмансур:  кӯчаҳои С.Айнӣ, Тепаи Шарқӣ;  Фирдавсӣ:   кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва ноҳияи Сино: кӯчаҳои Яккачинор,Ҷ.Расулов, Зарафшон 1-2, Бобоҳамдам, маҳаллаҳои Ободкорон, Чағатай   Чортеппа, Чорякарон, қувваи барқ хомуш карда мешавад.

Зимнан эзоҳ дода мешавад, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.