27-уми майи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), муҳтарам Ёдгор Файзов ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи устувории шаҳри Хоруғ, ки аз ҷониби Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) маблағгузорӣ карда мешавад, баргузор гардид, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти сатҳи миллӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ ва ташкилотҳои байналмилалӣ шомил буданд.

Дар раванди форум, оиди сатҳи иҷроиши Барномаи “Устувории шаҳри Хоруғ” муҳокимаҳо ба миён оварда шуда, барои татбиқи ҷузъ (компонент)-ҳои ҷудогонаи он ҷонибдорони сатҳи мақомоти миллӣ, раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва ҷомеаҳои байналмилалӣ стратеияи хос пешниҳод карда буданд.

Барои таъмин намудани рушди устувори минбаъдаи шаҳри Хоруғ, Aгентии Оғо Хон оид ба макони зист бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба макони зист (СММ-ҲАБИТАТ), бахусус бо коршиносони соҳаи банақшагирии пойдор ва устувори сатҳи шаҳр ва деҳот ҳамкорӣ намуда, дар асоси он мутахассисони СММ-ҲАБИТАТ  натиҷаҳои таҳлили техникӣ, ташхиси мушкилоти шаҳри Хоруғ ва тавсияҳои стратегиро барои ҳалли мушкилот ба иштироккунадагони Кумитаи роҳбарикунанда баррасӣ карда буданд. Ин тавсияҳо бахусус раванди  рушди устувори Швейтсарияро, ки омилҳои нигаҳдорӣ аз хавфу хатарро дар раванди банақшагирӣ ба назар гирифта буд, мувофиқат карда шуд.

Раиси ВМКБ вобаста ба ин тавсияҳо  иброз намуд, ки “Мо бо хулсаҳо ва пешниҳоди Шумо аз таҳлили вазъи кунунии шаҳр, ки бениҳоят муҳиманд, ба пуррагӣ розӣ ҳастем. Мо медонем, ки проблемаҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки барои ҳалли онҳо маблағи зиёд, вақти зиёд ва хароҷоти калон зарур мешавад. Аммо ман умедворам, ки мо дар якҷоягӣ бо СММ ХАБИТАТ, ҳамкорон ва шарикони рушд ва кумаки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ҳалли ин масъаларо хоҳем ёфт ва Хоруғро ба як шаҳри устувор табдил хоҳем дод.”     


Муовини Директори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала қайд кард, ки “Нақшаи рушди маҳалу деҳоту шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҳия буда, заминаи ҳуқуқӣ ва талаботу стандартҳо барои амалигардонии он тартиб дода истодаем, ки дар ин ҷода мо аз Барномаи мазкур таҷрибаи лозимиро интизор ҳастем.”қайд намуда буд дар охири баромадашон.

Кумитаи роҳбарикунанда масъалаи ворид намудани тавсияҳои баррасишуда ба нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ва ба низоми идоракунии уммумӣ дар сатҳи шаҳру вилоят дароварда шавад. Дафтари ҳамкории Швейтсария дар навбати худ масъалаи идоракунии электронӣ ва идоракунии партовҳоро ба миён гузошта, нақшаи татбиқи устувори онҳоро дар раванди барномарезӣ талаб карда буд.


Дар ҷаласаи Кумитаи Роҳбарикунанда инчунин оиди ташкили платформаи иттилоотии шаҳри Хоруғ бо мақсади зиёд намудани шумораи ҷонибҳо ва баланд бардоштани дарки муштараки устуворӣ муҳокима карда шуд.

Раиси шаҳри Хоруғ изҳори назар кард, ки: “Дар ҳақиқат ин як иқдоми бениҳоят хуб ба шумор меравад, ки ингуна платформа ташкил карда мешавад. Чунки оиди “Ба Ҳукумати электронӣ” гузарондани ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул карда шуд. Аммо масъалаи татбиқи платформа бо дарназардошти вазъияти кунунии шаҳри Хоруғ, инчунин маблағ, мавод, таҷҳизоту ахбори дақиқ, заминаи ҳуқуқӣ, мутахассисон, доираи фаолияти платформа, чаҳорчубаи фаолияти платформа ва ғайраҳо дар мадҳи авал гузошта шавад.

Кумитаи роҳбарикунанда инчунин маросими ифтитоҳи Маркази иттилооти фазоиро (SDI) дар Дафтари Раиси ВМКБ ташкил намуд. Маркази SDI ба ҳайси манбаи ягонаи иттилоотӣ барои дастгирӣ дар масъалаи посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ ва мусоидат ба раванди истифодаи замин барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Нуқтаи марказии коҳиши офатҳои табиӣ дар дафтари муовини сарвазир ва идораи геология хизмат хоҳад кард.

Баҳсу муҳокимарониҳо инчунин ҳам дар сатҳи техникӣ ва ҳам дар сатҳи стратегӣ оид ба саҳмгузории лоиҳа дар амалисозии ташаббуси Барномаи Устувории шаҳри Хоруғ ва табдилдиҳии он ба як намунаи шаҳри бехатар, устувор ва тобовар баррасӣ шуда буд.


Барномаи устувории шаҳри Хоруғ ташаббуси панҷсолаест барои бунёди иншоотҳо, сохторҳо ва иқтидорҳо барои ба шаҳри намунавии тобовару устувор табдил додани Хоруғ равона шуда, инчунин ба рушди устувори иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Барнома сохторҳои ҳукуматӣ, барномарезӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташаббусҳои ҷомеа ва шарикони миллӣ ва байналмилалӣ барои таъмин намудани устуворӣ ва ба нақша гирифтани имкониятҳо дар рушди шаҳри Хоруғ муттаҳид месозад. Барнома аз ҷониби Дафтари рушд ва ҳамкории иқтисодии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) маблағгузорӣ карда мешавад. Барномаи устувории шаҳри Хоруғ аз ҷониби Филилаи Ташкилоти “Агентии Оғо Хон оид ба макони зист”  бо дастгирии Хазинаи Оғо Хони Тоҷикистонӣ амалисозӣ карда мешавад. 

Филиали Ташкилоти “Агентии Оғо Хон оид ба макони зист” (АКАХ): АКАХ имкониятҳои Фокуси кӯмаки башардӯстона, Хадамоти Банақшагирӣ ва Сохтмони Оғо Хон ва ташаббуси идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ АКДН, диққати асосиро ба омодагӣ ба офатҳои ногаҳонӣ ва шиддатнок равон мекунад.  АКАХ фаъолияти худро барои таъмин намудани бехатарии зиндагии одамон дар макони зист, ки то ҳадди имкон аз таъсири офатҳои табиӣ эминанд, ҳолати омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби сокиноне, ки дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва инчунин шароити дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки имкониятҳои васеъ ва сифати беҳтарини ҳаёт оварда мерасонанд, ба роҳ мондааст. Дар мадди аввал, самтҳои афзалиятноки АКАХ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳиндустон хоҳанд буд.