Бо хатсайри чартерии ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон 7 июн зиёда аз 100 нафар овозхонону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд. Онҳо дар консерти “Шоми дӯстӣ”, ки рӯзи 10 июн дар маҷмааи “Кохи Борбад” бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев доир мегардад, иштирок мекунанд.
Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин консерт ҳудуди 150 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиён ширкат меварзанд.
Қаблан зикр гардида буд, ки Ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров ва Озодбек Назарбеков низ ба ҳайати ҳунармандони кишвари ҳамсоя шомиланд, лекин дирӯз байни ҳунармандони ба Душанбе омада онҳо ҳузур надоштанд.
“Онҳо пагоҳ, субҳи 9 июн ба Душанбе меоянд”, - хабар дод манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати ходимони фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон дар меҳмонхонаи “Хилтон” иқомат дошта, аллакай ҳамроҳи ҳамтоҳои тоҷики худ ба корҳои омодагии консерти “Шоми Дӯстӣ” пардохтаанд.
Тавре интизорӣ меравад, аз Тоҷикистон дар консерт овозхонҳои маъруф Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, сарояндагони “Шашмақом” ва гурӯҳои рақсӣ намояндагӣ мекунанд.
Дар ин консерт ба ҷуз сарони кишварҳо, инчунин аъзои ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки бо даъвати сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар барнома сафари сарони кишварҳо ба шаҳри Хуҷанд низ дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.