Ба ҳолати то 31 июли соли ҷорӣ 112 ҳазор нафар сокинони вилояти Суғд ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

Дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 зикр шуд, ки айни замон барои 500 ҳазор нафар ваксина ворид гардида, баъди ду рӯз иловатан 500 ҳазор воя ворид хоҳад шуд.

Ҳамчунин маълумот дода шуд, ки дар қаламрави вилоят 1 млн 812 ҳазор нафар сокинони аз 18-сола боло зиндагӣ доранд ва марҳила ба марҳила ҳамаи онҳо ваксина хоҳанд гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,  ки барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, ҷиҳати тақвияти корҳои безараргардонӣ мунтазам чораандешӣ карда шавад.

Қаблан зимни нишасти матбуотӣ раиси вилоят ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки вазъияти марбут ба сирояти коронавирус дар минтақа идоракунанда ва зери назорат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.