Бар асари барфи дирӯза ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд каме маҳдуд шуд.

Тавре филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS) хабар медиҳад, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар автомобилҳо, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор маҳдудият (аз як то се соат) ҷорӣ шуда буд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан баҳри бартараф намудани оқибатҳои боридани барф маҳдуд шуда буд.

irs.tj

Гуфта мешавад, айни замон бо талошу заҳматҳои коргарони "IRS"  роҳи автомобилгарди Душанбе  - Чанок кушода буда, ҳаракати тамоми навъи нақлиёт имконпазир аст.

Ширкат ба ронандагони тавсия додааст, ки пеш аз сафар воситаи нақлиёти худро ба муқаррароти мавсими сармо мутобиқ намуда, ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

irs.tj

Рӯзи чоршанбе, 17 ноябр дар қисмати маркази Тоҷикистон барфи аввал борида, дар кори фурудгоҳҳои кишвар низ як қатор мушкилӣ пеш омад.

Қобили зикр аст, ки обуҳавои сард то рӯзҳои истироҳат давом карда, барф  боқӣ мемонад ва аз ин рӯ, дар роҳҳо ҳам аз хавфу хатар эҳтиёт мебояд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.