Вазорати корҳои хориҷии Русия қоидаҳои вурудро ба шаҳрвандони хориҷӣ пас аз бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 шарҳ дод, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

“Ситоди фаврии муқовимат бо сирояти нави коронавируси Русия тасмим гирифт, ки маҳдудиятҳои муваққатии марбут ба эпидемия барои гузаштани сарҳади давлатии Русия бекор карда шавад”, - зикр кардаанд дар ВКХ Русия.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз бекор шудани маҳдудиятҳо, мисли пешин ба ҷуз шиноснома ва раводид (дар сурати зарурат), боз ПСР-тест бо натиҷаи манфии сироят аз коронавирус лозим аст.

“Талаботи пешниҳоди асноди тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии ташхиси омзишгоҳӣ ба COVID-19 бо методи ПСР барои хориҷиёни ба Русия воридшаванда (ба истиснои шаҳрвандони Беларус, ки бо нақлиёти автомобилӣ меоянд) боқӣ мемонад”, - зикр мешавад дар хабари ВКХ.

Ғайр аз ин, дар ВКХ изҳор доштаанд, ки аз 15 июли соли равон маҳдудиятҳои сафари шаҳрвандони Русия ба берун аз ҳудуди кишвар тариқи гузаргоҳҳои заминӣ низ бекор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз 15 июли соли 2022 ҳамаи маҳдудиятҳои муваққатӣ, ки бо сабаби муқовимат бо коронавирус дар Русия ҷорӣ гардида буданд, бекор карда мешаванд.

Аз ҷумла реҷаи ниқобпӯшӣ, манъи кори шабонаи нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва як қатор маҳдудиятҳои дигар аз ин ҷумлаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.