Бар асари тармаи дар Хоруғ фаромада, тибқи маълумоти ахир, 16 нафар ҳалок шуданд. Боз 12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Барои наҷоти осебдидагон натанҳо наҷотдиҳандагони касбӣ, балки ризокорон (волонтёрҳо) ва ихтиёриён низ ҷалб шуданд. Онҳо аз ҷараёни амалиёти наҷотдиҳӣ нақл карданд.
Ҳеҷ касе дар канор намонд
Шаъбон Яфталиев наҷотдиҳандаи касбӣ буда, дар кори наҷоти одамон таҷрибаи 20-сола дорад. Ӯ одамонро аз кабинаи мошинҳои ба дарё афтода берун оварда, ба чуқуриҳои зиёд шино кардааст ва кӯҳнавардони дармондаро дар баландиҳои кӯҳ наҷот додааст.
Ҳамчунин Шаъбон ба амалиёти дарёфт ва интиқоли ҷасади халабон (пилот)-и чархбол, ки моҳи августи соли 2021 дар наздикии пиряхи Федченко ба садама дучор шуд, роҳбарӣ кардааст.
Соли гузашта Яфталиев ба нафақа баромада, ҳозир дар гурӯҳ (отряд)-и ихтиёрии наҷотдиҳандагони Агентии Оғо Хон оид ба ҳабибат, ки пойгоҳашон дар Хоруғ қраор дорад, мушовир аст. Дар гурӯҳ ғаввосон (водолазҳо)-и махсус таълимдида, наҷотдиҳандагон дар кӯҳҳо ва наҷотдиҳандагон дар ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ амал мекунанд.
“Рӯзи 15 феврал аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ки дар Хоруғ тарма фаромадааст ва мо 15 нафар ба кумаки онҳо шитофтем, - мегӯяд Шаъбон - Аз сабаби зиёд будани барф, маҷбурем, ки соатҳо кор кунем.
Масалан, барои наҷоти ду кӯдак аз хонае, ки зери тармаи азим монда буд, тақрибан панҷ соат лозим шуд. Сокинони маҳаллӣ низ ба кумак ҳамроҳ шуданд, касе дар канор намонд”.
Ба гуфтаи ӯ, қурбониёни тарма на танҳо шахсоне буданд, ки дар ин лаҳза дар хонаҳои худ буданд, балки бархе дар роҳ низ зери тарма монданд.
Ҳамин тавр, тарма микроавтобус бо 10 мусофирро пахш кард. Мошин ба ҷарии 5-метра чаппа ва ба соҳили дарьёи Шохдара афтод. Ҳама мусофирон зинда монданд, вале ҷароҳатҳои гуногун гирифтанд.
Наҷотдиҳандагон осебдидагонро аз мошин берун оварда, ба бемористони марказии шаҳри Хоруғ бурданд.
“Имрӯз дар Хоруғ борон меборад, вале корҳои наҷотбахшӣ идома доранд, - гуфт Яфталиев. - Тибқи маълумоти мавҷуда боз се нафари дигар ба кӯмак ниёз доранд, ки то ҳол пайдо нашудаанд. Кори зиёдеро ба ҷо овардан лозим, қариб 700 метр барфро тоза кардан зарур аст”.
Тавре ки қаблан аз КҲФ хабар дода буданд, айни замон ғафсии қабати барф дар Хоруғ 95 см ва деҳаҳои баландкӯҳ то 1 метру 20 сантиметр мерасад.
“Тарма хеле босуръат ҳаракат мекард”
Анваршо Шолангаров, собиқ полковники хадамоти оташнишонӣ низ мушовири гурӯҳи наҷотдиҳандагони Агентии Оғо Хон оид ба Ҳабибат мебошад.
“Дирӯз як хонаи дуошёна дар Хоруғ зери тарма монд, - гуфт Анваршо. - Наҷотдиҳандагон ва ихтиёриён якҷо бо сохторҳои давлатӣ то бевақтии шом кор карданд. Дар хона 12 нафар буданд. Мутаассифона, шаш нафари онҳоро аллакай мурда берун овардем. Онҳое, ки дар зери шикастапораҳо буданд, зинда мондаанд. Хона аз офат комилан осеб дид. Техника то шаб корашро давом дода, роҳҳоро тоза кард”.
Тавре ки Анваршо зикр кард, бар асари тармафароӣ баландии қабати барф дар баъзе ҷойҳо то 6 метр мерасад.
Ду сокини дигар, ба гуфтаи наҷотдиҳанда, дар дохили мошин назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар асорати барф монда, ҳалок шуданд. Онҳоро наҷот додан муяссар нашуд, зеро тарма чунон босуръат ҳаракат мекард, ки онҳо саривақт чора дида нататвонистанд.
Дар чаҳорчӯби барномаи Бунёди Оғо Хон дар ҳар ноҳия ва ҷамоатҳои ВМКБ гурӯҳҳои ихтиёрӣ амал мекунанд, ки аз ҷониби ҲФ ба амалиёти наҷотдиҳӣ ҷалб шуда, ба наҷотдиҳандагони касбӣ кумак мекунанд. Онҳо ҳамасола таълим гирифта, омодаанд, ки бо аввалин бонги хатар (SOS) ба амал пардозанд.
Ба гуфтаи Анваршо, гурӯҳҳои ризокорону ихтиёриён аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ва водии Рашт таъсис дода шудаанд. Ҳамагӣ 224 гурӯҳи иборат аз 20-25 нафар амал мекунад. Онҳо барои кумак ба ҷамоатҳои маҳаллӣ ҷиҳати вокуниши саривақтӣ ба ҳама гуна ҳолатҳои фавқлулода то ҳозир шудани наҷотдиҳандагони касбӣ ташкил шудаанд.
Тавре ки таҷриба нишон дод, чунин ҳамкорӣ самараи хуб дода, ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳамин монанд гурӯҳҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ таъсис дода шаванд.
Ҳар як наҷотдиҳанда ва ихтиёрӣ барои кор дар ҳолати фаромадани тарма бо лавозимоту таҷҳизоти кор дар чунин ҳолат таъмин аст. Сару либоси махсус низ дода мешавад, ки ранги сару либоси наҷотдиҳандагони гурӯҳи ихтиёриён ва ризокорон зарди дурахшон аст.
“Мо ҳамеша серкорем, зеро дар ВМКБ дар фасли зимистон зуд-зуд тарма мефарояд, тобистон бошад, аксар вақт лозим меояд, ки ронандагонро аз дарьёҳо берун барорем ва ба кумаки кӯҳнавардон шитобем”, - зикр мекунад Шаъбонов.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти маркази матбуоти КҲФ ҶТ, дар пайи тармафароӣ дар Хоруғ 4 хона пурра хароб гашта, 35 бинои истиқоматӣ ва 5 иншооти тиҷоратӣ қисман осеб дидаанд.
Кумита қаблан хабар дода буд, ки то 19-уми феврали соли равон дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Рашт - Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе - Хоруғ, Хоруғ- Ишкошим бар асари борону барфи шадид хатари лағзиши тармаву резиши сангу рег боқӣ мемонад.
Бино ба маълумоти Кумита, аз 13 то 15 феврал дар қаламрави ВМКБ 27 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади таъмини амнияти аҳолӣ аз ноҳияи Ванҷ 11 хонавода, Рӯшон - 335 хонавода, Шуғнон - 10 хонавода, Роштқалъа - 39 хонавода ва шаҳри Хоруғ - 17 хонавода ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд.
Бинобар сабаби барфрезии зиёд ва равшании хеле кам дар роҳҳои кӯҳӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон дархост мекунад, ки аз сафар тариқи роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш худдорӣ кунанд. Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки ба ҷойҳои дорои хавфи тармафароӣ набароянд ва ҳушёру эҳтиёткор бошанд.