Низоми имтиҳонии Тоҷикистон самаранок фаъолият мекунад ва айни замон ба тағйирот ё навоварӣ ниёз надорад. Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ дирӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар кард.
Ӯ гуфт, айни ҳол низоми тестӣ аз ӯҳдаи вазифаи худ пурра мебарояд, аз ин рӯ, зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари имтиҳонсупорӣ вуҷуд надорад.
“Агар имтиҳонсупорӣ тариқи тест самара наорад, он гоҳ зарурати ҷорӣ кардани баъзе аз имтиҳонҳои иловагӣ пайдо мешавад”, - таъкид кард Абдулбосит Шодиниё.
Дар робита ба ақидаи маъмуле, ки “тест танҳо дониши сатҳиро месанҷад ва ба қобилияти мулоҳизаронӣ, тафаккури интиқодӣ ва эҷодкории довталабон баҳо дода наметавонад” Абдулбосит Шодиниё гуфт, ки “ҳеҷ имтиҳон ба раванди таълим таъсири манфӣ гузошта наметавонад”.
“Ин ки тест ё ягон имтиҳони дигар метавонад ба дониш таъсир расонад ақидаи ғалат ва ботил аст. Раванди ташаккули дониш ва маҳорату малака аз раванди имтиҳонгирӣ, ки факт ё ҳолати ташаккулро месанҷад, фарқ дорад”, - зикр кард Абдулбосит Шодиниё.
Вале дар Маркази миллии тестӣ қоиланд, ки бо ин ё он восита натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ метавонад ба сифати таҳсилот таъсир дошта бошад. Аммо ба кадом шакл, дақиқ нагуфтанд.