Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд даҳҳо сокини бесарпаноҳи шаҳрро боздошт ва пас аз бозпурсӣ, барои дар қайди манзиле набудан, ҷарима кардаанд. Чанде аз сокинони бесарпаноҳи боздоштшуда мегӯянд, манзил ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд, аз ин лиҳоз, намедонанд дар куҷо ва чӣ гуна худро дар қайд гузоранд. Дар чунин ҳолат, коршиносон таъкид мекунанд, ки беҳтар аст барои нафарони бесарпаноҳ марказҳои офиятбахшӣ таъсис дода шавад.
Ҷарима ва огоҳии қатъӣ
Ин 13 нафар шахси бесарпаноҳ рӯзи 24-уми май, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи 27-уми шаҳр боздошт шудаанд. Онҳо дар хобгоҳе бо ҳолати садамавӣ дар ин маҳалла зиндагӣ доштаанд.
Акбар Шарифӣ, масъули дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” боздошти бесарпаноҳон дар шаҳри Хуҷандро тасдиқ карда, гуфт, миёни бошандагони ин хобгоҳ метавонад одамони таҳти пайгард низ бошанд, аз ин лиҳоз тибқи қонун санҷиш гузаронидаанд.
“Гузаронидани корҳои профилактикӣ кори маъмулӣ аст ва ин навбат ҳам шахсони бесарпаноҳ ба идораи милитсия интиқол ёфта, ҳуҷҷатҳои онҳо санҷида шуд. Маълум гардид, ки онҳо бидуни қайди расмӣ ва ғайриқонунӣ дар хобгоҳи садамавии маҳаллаи 27-уми шаҳри Хуҷанд иқомат доранд. Аз ин лиҳоз, онҳо ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (72 сомонӣ) ҷарима шуда, баъдан раҳо гардиданд”, - гуфт Акбар Шарифӣ.
Нафарони боздоштшуда мегӯянд, кормандони милитсия ба онҳо огоҳии қатъӣ додаанд, то худро дар қайди расмӣ гузоранд, дар акси ҳол, муҷозот шадидтар хоҳад буд.
“Гурез аз такрори қоидавайронкунӣ ғайриимкон аст”
Виктория Раҷабова яке аз бесарпаноҳонест, ки рӯзи 24-уми май боздошту ҷарима шудааст. Ӯ, ки 22 сол дорад, мегӯяд, ин маротиба маблағи ҷаримаро шавҳараш, ки дар сохтмоне кор мекунад, пардохт кардааст.
“Моро дар шӯъбаи корҳои дохолӣ як рӯз боздоштанд ва дар ниҳоят барои надоштани тасдиқкунандаи шахсияту дар қайди манзиле набудан, 72 сомонӣ ҷарима карданд. Ва огоҳии қатъӣ доданд, ки агар бори дигар ин қоидавайронкунӣ такрор шавад, бештар ҷарима мекунанд”, - гуфт Виктория.
Аммо ӯро ояндаи норӯшан ба ташвиш овардааст, зеро ба назараш, гурез аз такрори ин ҳодиса ғайриимкон аст.
“Мефаҳмам, кормандони милитсия кори худро анҷом медиҳанд, аммо ислоҳи қоидавайронкуниҳое, ки барои он ҷарима шудам, ғайриимкон аст. Маро, ки на ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва на манзил дорам, кӣ дар қайди хонааш мегузорад?”, - суол медиҳад Виктория.
Неъмат Раҳматов бесарпаноҳи дигарест, ки боздошту ҷарима шудааст. Ӯ мегӯяд, вазъи саломатиаш хуб нест ва дар идораи милитсия худро нохуб ҳис кардааст.
“Қариб буд аз ҳуш мерафтам, аммо то ҷаримаро пардохт накардам, маро раҳо накарданд. Онҳое, ки ҳамроҳи ман боздошт шуда буданд, бароям кӯмак намуданд ва боз то ин хобгоҳи вайрона оварданд. Як нафаре, ки ҳамроҳамон буду барои пардохти ҷарима маблағ надошт, барои 5 шабонарӯз ҳабс шуд”,-гуфт Неъмат Раҳматов.
Ӯ аз он нигаронӣ мекунад, ки натанҳо кормандони милитсия онҳоро ҳар гоҳ боздошту ҷарима мекунанд, балки ҷомеа низ бо онҳо муносибати дурушт дорад.
“Одамон гумон мекунанд, ки мо-бесарпаноҳон майзада, муътоди маводи мухаддир, беморони сироятёбанда ҳастем ва аз ин лиҳоз, бо мо муносибати ғайриинсонӣ мекунанд. Дар асл ин гуна нест, мо ҳам инсонем ва аз хурсандӣ ин тарзи зистро интихоб накардаем”, - мегӯяд Неъмат Раҳматов.
Ҳоло бесарпаноҳон аз боздошт раҳо шудаанд ва ба зиндагиву манзили пешини худ баргаштаанд, аммо мушкили онҳо ҳалношуда боқӣ мондааст. Касе аз онҳо намедонад, ки чӣ тавр ва дар куҷо худро дар қайд гузорад ва аз таъқибу фишор ва тарсу ҳарос раҳо гардад.
Таъсиси маркази офиятбахшӣ барои бесарпаноҳон
Нафароне, ки солҳо инҷониб бо бесарпаноҳон кор мекунанд ва аз мушкили онҳо огоҳанд, таъкид менамоянд, ки таъсиси маркази офиятбахшӣ барои ин тоифа одамон зарур ва яке аз роҳҳои ҳал аст.
Баҳрӣ Абдураҳмонова, роҳбари созмони ҷамъиятии "Диёр" дар шаҳри Хуҷанд, ки солҳост бо бесарпаноҳон кор мекунад ва барои ҳалли мушкили онҳо талош менамояд, мегӯяд, бесарпаноҳон ба дастгирӣ ниёз доранд.
“Бесарпаноҳ ҳам мисли ҳамаи мо инсон ҳастанд. Танҳо тақдирашон дигар асту онҳоро дар кӯчаи сарсонӣ мондааст. Онҳоро бемеҳрӣ дар оила ба кӯча овардаву бепарвоии ҷамъият аз ҳаёт дилмонда кардааст”, - мегӯяд Баҳрӣ Абдураҳмонова.
Ӯ таъкид мекунад, ки пас аз омӯзиш ва таҳлилҳои зиёд ба хулосае расидааст, ки таъсиси маркази офиятбахшӣ барои бесарпаноҳон зарур аст.
“Бештари онҳо ҷавонанд ва беморанд ва аз ҳаёт дилмондаанд. Барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо танбеҳу ҷаримаву фишор бесамар аст, беҳтар аст онҳоро табобат кард, ба онҳо кӯмак кард. Аз ин лиҳоз, агар маркази офиятбахшии бесарпаноҳон таъсис дода шавад, ин мушкил то андозае роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”, - мегӯяд Баҳрӣ Абдураҳмонова.
Тибқи иттилои дастрасгардида, айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд қариб 200 шахси бесарпаноҳ дар маҳаллаҳои гуногун ва маконҳои садамавию хатарнок зиндагӣ мекунанд. Ва поёни умри аксари онҳо норӯшану фоҷеавӣ аст.