Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз худкушии як зан пешгирӣ кардаанд. Ин зан худро ба дарё андохтааст.
Ҳодиса бегоҳии рӯзи 3-юми июл рух додааст. Ба иттилои Мирзораҳим Абдуллоев, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд ин зан худро ба дарёи Сир партофтааст.
“Ин зан сокини 28-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, мехост бо роҳи ғарқшавӣ даст ба худкушӣ занад”, - гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.
Ба иттилои ӯ, кормандони КҲФ вақти баргузории рейд шоҳиди ин ҳодиса шуда, дар зудтарин фурсат занро наҷот додаанд.
Бояд гуфт, ки даст ба худкушӣ задани сокинон яке аз мушкилҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад. Танҳо соли 2023 дар Тоҷикистон 413 ҳолати суиқасд ба худкушӣ (соли 2022 - 415 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти дастрасшуда, миёни шахсоне, ки даст ба худкушӣ задаанд, мардон зиёдтаранд - 215 ҳолат (соли 2022 - 212 ҳолат), байни занон - 198 ҳолат (соли 2022 - 203 ҳолат).
Шумори ҳодисаҳои худкушӣ байни ноболиғон 5 ҳолат зиёд шуда, ба 47 адад расидааст.
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста