Барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ”, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад, пас аз нашри “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” фаъол мегардад. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 30-юми июл, баргузор шуд, иттилоъ дод.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода кай нашр шудани “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”-ро дақиқ нагуфт, танҳо зикр кард, ки нусхаи ниҳоии он аллакай ба чоп супорида шудааст

“Мо умед дорем, ки он то моҳи сентябр, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам электронӣ дастраси хонандагон мегардад. Худи барнома бошад, як сол боз дар шакли тестӣ дар дохили Кумита фаъол аст ва дар он зиёда аз 2 млн калима ҷойгир аст. Пас аз нашри “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” барномаи “Ислоҳнигорӣ” низ дар шакли диск ба истифодабарандагон пешкаш мегардад”, - зикр намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки Кумита қаблан низ дар бораи роҳандозии барномаи “Ислоҳнигорӣ” хабар дода буд. Моҳи августи соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳот гуфта буданд, ки барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон (5-уми октябр) пешкаши корбарон мегардад. Моҳи феврали соли ҷорӣ бошад, дар ниҳод иттилоъ доданд, ки “Ислоҳнигорӣ” то ҷашни Наврӯз фаъол мешавад. Аммо то ҳол ин барнома дастраси сокинон нашудааст.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода
Asia-Plus

Дар сурати роҳандозӣ шудани барномаи мазкур, дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври худкор дар зери он хати сурх мекашад ва шакли дурусти онро пешниҳод мекунад.

Ин барномаро дар забони русӣ “Правописание” меноманд ва ҳоло онҳое, ки бо забони русӣ кор мекунанд, аз ин барнома зиёд истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд, то истифодабарандагони технологияҳои иттилоотӣ, махсусан онҳое, ки ба навиштани матн дар компютер сару кор доранд, тавонанд, шакли дурусту ягонаи калимаҳои тоҷикиро ба кор баранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.