Дар Тоҷикистон филми мустанади “Шуълаи орзу”, ки ба тақдири як варзишгари тоҷик бахшида шудааст, наворбардорӣ шуд . Қаҳрамони асосии филм Ҷамшед Абдуллоев, зодаи шаҳри Исфара аст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ осеби сахт бардошта аз пойи равон монд, вале таслим нашуд ва роҳи варзишро пеш гирифт.

То имрӯз ӯ 10 карат қаҳрамони Тоҷикитсон ва се карат қаҳрамони Осиё аст дар тенниси рӯйи миз ва дастхобонӣ гардидааст. Қиссаи ӯро дар филми ҳуҷҷатии мо бубинед:

Он дар коргардонии рӯзноманигори хабаргузории “Азия-Плюс” Эмомалӣ Сайидзод таҳия шудааст.

Филми мустанад дар доираи тарҳи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ (CAIIA)” омода шудааст. Ин тарҳ аз ҷониби USAID маблағгузорӣ ва аз сӯи Internews амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.