Ин сокини 45-солаи ноҳияи Қубодиён аз ҳиссиёти рашк, ки гӯё ҳамсараш бо марди ҳамсоя муносибати маҳрамона дорад, қасд кардааст ҳамсарашро ба қатл расонад.  

Аз Додситонии вилояти Хатлон аз ин мард Собирҷон Муртазоев ном бурданд, ки дар ҳолати мастӣ рӯзи 17 майи соли равон бо корд се маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш задааст.

“Собирҷон Муртазоев аз ҳисиёти рашк гумонбар шудааст, ки занаш Ф.Ш. бо ҳамсояаш Д.С. муносибат дорад. Аз ин хотир дар ҳолати мастӣ корд гирифта, ба хонаи ҳамсояаш рафта ба қафаси синаи занаш се корд мезанад. Д.С кушиш мекунад занро наҷот диҳад, вале Собирҷон Муртазоев ба шиками ӯ ҳам як корд мезанад. Ҳамсояҳо Ф.Ш.-ро бо захми корд ба беморхона интиқол медиҳанд ва табибон ӯро аз марг наҷот медиҳанд”, - гуфтанд аз додситонии вилоят рафти ҳодисаро.

Баъди боз кардани парванда нисбати Муртазоев ва баррасии он аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон, Додгоҳи шаҳри Бохтар рӯзи 11-уми сентябр ӯро барои сӯиқасди ҷиноят (моддаи 32) ва одамкушӣ (моддаи 104) гунаҳкор дониста, 16 сол равонаи зиндон кард.

Назари худи Собирҷон Муртазоев, вакили дифоъ ва наздиконаш маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.