Милитсияи шаҳри Душанбе навори ҷузъиёти ҳамла ба Зиёвиддин Беков, ронандаи ширкати “Як такси” дар шаҳри Душанберо нашр кард. Ҳамла ба ӯ рӯзи 15-уми январ, вақте ки мусофир аз пардохти маблағи роҳкиро худдорӣ кард, рух дод. Гумонбарро баъди чанд моҳ дастгир карданд.
Дар гузорише, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нашр кард, Абдудҷаббор Ғозиев, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбари ҳодиса нақл мекунад, аз сабаби он ки маблағ надошт, дар ҷавоб ба дархости ронанда барои пардохти ҳаққи хидмат 5 корд ба гардани ӯ зад.
Дар рафти бозпурсӣ боздоштшуда ба ҷинояти худ иқрор шуда, сабаби захмӣ кардани таксистро шарҳ додааст.
“Ман пул надоштам, бинобар ин мехостам гурезам. Барои ин ӯро ба кӯчаи танг овардам, то гурезам. Ӯ дар пеш менишаст, ман дар қафо. Мо суҳбат кардем ва дар ҳамин вақт ман ба дасташ корд задам”, - мегӯяд Ғозиев дар навор.
Дар навор гуфта мешавад, Абдудҷаббор Ғозиев “пас аз анҷом додани ин ҷиноят дар охири моҳи январ барои содир кардани дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуда, ба зиндон фиристода шудааст”. Аз ҳамин сабаб мақомот натавонист, ки ӯро сари вақт боздошт кунад.
Ҳоло нисбат ба Абдудҷаббор Ғозиев барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, нисбати ӯ ҷазо барои дуздӣ ҳам якҷо хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба Зиёвиддин Беков, рӯзи 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе рух дода буд.
Мақомот ӯро чандин моҳ кофтанд. Пас аз 6 моҳи таҳқиқоти ноком барои дарёфти ӯ 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда карданд. Билохира, охири моҳи июл мақомқот аз боздошти Абдуҷаббор Ғозиеви 25-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ӯ бо кумаки аҳолӣ боздошт гардида, "бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бадастомада, аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфт".
Дар ҳамин ҳол, Зиёвиддин Беков ҳоло табобат мегирад ва ба ҷарроҳии навбатӣ омодагӣ мебинад. То ҳол маълум нест, ки барои барқароршавии комил чанд вақт лозим мешавад, зеро саломатии ӯ осеби ҷиддӣ дидааст. Ӯ биноиро аз даст дода, дасташ фалаҷ шудааст.
Муҳоҷирон ободонии маҳалҳояшонро бар дӯши худ мегиранд
Баъди “эътироз”-и мансабдорони Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?
Чӣ тавр дар Тоҷикистон банан, папайя ва ананас парвариш мекунанд?
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста