Дар Тоҷикистон тайи 6 моҳи соли 2024 1 ҳазору 569 шикоят аз хушунати хонаводагӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Аз шумораи умумии шикоятҳо оид ба зӯроварӣ 1 ҳазору 291 муроҷиат аз ҷониби мардон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат зиёд аст. Аз ҷониби занҳо бошад, 278 шикоят ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳолат бештар аст.
“Шикоят аз ҷониби мардон дар муқоиса бо занон воқеан афзудааст. Аммо ин омор инъикосгари воқеии вазъ нест. Дар ҷомеаи мо таърихан чунин буд, ки занҳо майл надоштанд мушкилоти оилавии худро ба намоиш гузоранд. Аксарияти онҳо аз таънаи наздикону хешовандон, бархӯрди ҷамъият ва оқибатҳои эҳтимолӣ тарс доштанд”, – шарҳ дод Бунафша Файзиддинзода.
Ғайр аз ин, занҳо аксаран аз тарси шавҳар ё аҳли хонаводаи ӯ барои кӯмак муроҷиат намекунанд. Онҳо ба хотири бехатарии худ ва фарзандонашон сабр ва хомӯширо авло медонанд.
Ба қавли Файзидлдинзода, сабаби дигар маълумот надоштани занҳост. Аксари занҳо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд ва намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд. Ин омил онҳоро муқобили хушунати хонаводагӣ боз ҳам осебпазир мегардонад.
Ба гуфти ӯ, баръакс, мардоне, ки ба фишори наздикони ҳамсарашон дучор мешаванд, дарҳол барои кӯмак муроҷиат мекунанд.
“Мо дарк мекунем, ки омори расмӣ метавонад иштибоҳ дошта бошад ва воқеъиятро пурра инъикос накунад. Асли воқеии хушунати хонаводагӣ аксаран пӯшида мемонад ва то қайди расмӣ намерасад”, - хулоса кард ӯ.