Ахиран Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳафтае қабл бо судури як фатво пӯшидани “либосҳои танг”, “сиёҳ”, “ҳарир” ва дигар навъи либос, ки узвҳои баданро намоён мекунад, ғайриахлоқӣ ва бегона хонда, тавсия дод, ки занону духтарони тоҷик аз пӯшидани онҳо худдорӣ намоянд. Ба гуфтаи Шӯрои уламо, “ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест”.
Фатвои ахири Шӯрои уламо рӯзи 26‑уми июл содир шуд ва дар он ҳамчунин, гуфта шудааст, ки либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст, “комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад”.
Шӯрои уламо ба занону духтарон тавсия додааст, ки “ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ” либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо ба бар кунанд.
Ин фатвои Шӯрои уламо дар тамоми масоҷиди кишвар хонда шуд ва тавассути расонаҳо низ паҳн гардид.
Бояд гуфт, “Фатво” ҳукми шаръиест, ки аз тарафи муфтӣ, шайхулислом, фақеҳ ё қозӣ нисбати масоили динӣ содир карда мешавад ва иҷрои он барои мусулмонон ҳатмӣ аст. Дар ҷомеаи дунявӣ барои иҷро накардани он ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ нашудааст.
Дар Тоҷикистон Шӯрои уламои Маркази исломӣ ягона ниҳодест, ки ҳуқуқи содир кардани фатворо дорад. “Азия‑Плюс” муҳимтарин фатвоҳои дар чанд соли охир содирнамудаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро гирдоварӣ кард.
Дар бораи равияи Салафия*
Чанд сол қабл Шӯрои уламо дар хусуси равияи “Салафия” фатво содир намуда, дар он ҷангиёни тоҷики дар Ироқу Сурия бударо “ҷавонони салафимаоб” дониста буд ва бозгашти онҳоро ба кишвар хатарбор ҳисобид.
“Дар камтарин муддат Тоҷикистонро ба Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон мубаддал мекунанд. Зеро натиҷаи таълимоти Салафия чунин аст. Ҳамаи амалҳои равияи “Салафия” хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, пайравӣ намудан аз ин равия тибқи далелҳои шаръӣ ҷоиз нест”, ‑ омадааст дар матни фатво.
Зикр шуда буд, ки равияи Салафия дорои ақидаи террористӣ буда, дар натиҷаи паҳншавии он чандин кишварҳои ободу ором вайрон гашта ва садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ваҳшиёна ба қатл расидаанд.
“Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм дар ақсои олам буда, сабаби бадном шудани дини мубини Ислом мебошад”, ‑ таъкид шудааст дар фатвои Шӯрои уламо.
Шӯрои уламо бо судури ин фатво аз кулли мусалмонони тоҷик даъват кард, ки бар зидди пайравони равияи мазкур мубориза бурда, барои ҳифзи мазҳаби ҳанафия муттаҳид бошанд.
Дар Тоҷикистон равияи Салафия солҳои 2000-ум пайдо шуда, моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти онро мамнӯъ эълон кард. 14-уми декабри соли 2014 бошад Додгоҳи олӣ ин равияро “экстремистӣ” эътироф кард.
То кунун як гурӯҳ пайравони мазҳаби Салафия дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд.
Манъи намозгузории занон дар масҷид
Шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон соли 2004 бо содир кардани фатво намозгузории занон дар масҷидҳои кишварро макрӯҳ донист ва ҳузури занонро дар намози ҷумъа манъ кард.
Худойбердии Эгамбердӣ, собиқ мудири бахши фатво ва яке аз аъзои Шӯрои уламо сабаби манъ кардани ибодати занон дар масоҷидро ба камбуди ҷой, набудани шароити муносиб, таҳоратхонаи алоҳида ва роҳу даромадгоҳи ҷудогона марбут дониста буд.
Аммо созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин фатвои Шӯрои уламои Тоҷикиастонро интиқод карда, таъкид намуданд, ки он маҳдудкунандаи ҳуқуқи занон ба ибодат аст.
Ҳомилагии сунъӣ
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон соли 2013 дар робита ба ҳомиладоршавӣ бо роҳи сунъӣ низ фатво дода буд, ки мувофиқи он мард ва зане, ки мехоҳанд тавассути бордоршавии сунъӣ фарзандор шаванд, ҳатман бояд никоҳи мусалмонӣ дошта бошанд ва зану шавҳар бояд аз манӣ ва тухмҳуҷайраи ҳамдигар истифода баранд.
“Дар сурати берун шудан аз чаҳорчӯбаи шариати исломӣ, бо роҳи маснӯӣ обистан шудан гуноҳ аст”, ‑ омадааст дар ин фатво.
Ёдовар мешавем, соли 2010 парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” тағйиру иловаҳо ворид кард, ки бар пояи он занон ҳуқуқ доранд бо роҳи маснӯӣ ҳомила шаванд.
Дар бораи кирдорҳои гурӯҳи ДИИШ
Соли 2015 Шӯрои уламои кишвар фатвои дигаре дар бораи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) содир карда, бо баёни амалҳои ин гурӯҳ онҳоро кофир хонда, тибқи шариати ислом кирдорашонро ҳаром шуморидааст.
Шӯрои уламо дар ин фатво зикр кард, ки намояндагони ин гурӯҳи тундрав инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонида, оташ зада, молу мулки онҳоро ғорат мекунанд, “дар ҳоле ки ба ин ҳақ надоранд ва ин амал аз нигоҳи Ислом ҳароми қатъӣ мебошад”.
Дар фатво зикр шудааст, ки шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурӯҳ ва ширкати онҳо дар амалҳое бо ном “ҷиҳод” гуноҳи кабира аст.
Дар хусуси эмгузаронӣ
Дар соли 2021 Шӯрои уламои кишвар гузаронидани воксина дар моҳи Рамазонро иҷозат дода, гуфта буд, ки азбаски воксина ба бадан ба воситаи сӯзандору, на бо роҳи даҳону бинӣ ворид мешавад, рӯзаро намешиканад.
“Тибқи фатвои онҳо (кишварҳои исломӣ ‑ аз идора), гирифтани воксинаи зидди Ковид-19 рӯзаро намешиканад, зеро он ғизо ба шумор нарафта, баданро қувват намебахшад”, ‑ таъкид шудааст.
Раёсати Шӯрои уламо ба мардуми кишвар тавсия дода буд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ худро эм кунанд.
Ёдовар мешавем, ки бештар аз 99 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон мусулмон буда, иҷрои фатвои Шӯрои уламо содиркарда барои аксари онҳо ҳарчанд аз нигоҳи қонун ихтиёрӣ аст, аммо аз нигоҳи эътиқод амри воҷиб дониста мешавад.
Дар кишварҳои исломӣ бошад, иҷрои фатво ҳамӣ дониста мешавад ва барои иҷро накардани он муҷозот пешбинӣ гардидааст.