Зиёда аз 41,2 ҳазор ҷавонон ва духтарони тоҷик айни замон дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.
Аз теъдоди умумии донишҷӯёни машғули таҳсил дар хориҷа бештарашон - 33 ҳазору 178 нафар дар Русия ба хондан машғуланд. Ба сегонаи аввали кишварҳо инчунин Чин - 2 ҳазор 900 донишҷӯ ва Қазоқистон - 970 донишҷӯ шомиланд.
Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар дигар кишварҳои хориҷӣ тариқи зайл аст:
Туркия – 900 донишҷӯ;
Беларус – 802 донишҷӯ;
Ҳиндустон – 675 донишҷӯ;
Ӯзбекистон – 504 донишҷӯ;
Малайзия – 420 донишҷӯ;
Олмон – 125 донишҷӯ;
Маҷористон (Венгрия) – 110 донишҷӯ;
Чехия – 94 донишҷӯ;
Лаҳистон (Полша) – 81 донишҷӯ;
Озарбойҷон – 70 донишҷӯ;
Фаронса – 61 донишҷӯ;
Эрон – 54 донишҷӯ;
Амороти Муттаҳидаи Араб – 49 донишҷӯ;
Ҷопон – 47 донишҷӯ;
Давлати Қатар – 32 донишҷӯ;
Арабистони Саудӣ – 38 донишҷӯ;
Британияи Кабир – 18 донишҷӯ;
Кишварҳои Бенилюкс – 10 донишҷӯ;
Гурҷистон – 4 донишҷӯ;
Туркманистон – 4 донишҷӯ.
“Ин маълумот ҷуғрофияи васеи муассисаҳои таълимиеро, ки дар он донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд ва ҳузури онҳоро дар марказҳои таълимии ҷаҳон таъкид мекунанд”, - зикр карданд дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷараёни қабули донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии хориҷӣ идома дорад. Маълумоти оморӣ моҳи октябр нав мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” амал мекунад, ки 2 марти соли 2014 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, муттаҳидӣ миёни ҷавонону духтарони машғули таҳсил дар хориҷа аз ҳадафҳои маҳфил унвон мешавад.
Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 1500 нафар донишҷӯёне, ки дар кишварҳое чун Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Нидерланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, аъзои маҳфил мебошанд.