Тайи солҳои ахир сиёсати муҳоҷират дар Русия ба таври назаррас шадид шуд, ки ба ҷорӣ шудани тадбирҳои зидди муҳоҷирон боис гардид. Яке аз тадбирҳои асосӣ маҳдуд шудани ҳуқуқи муҳоҷирон ба кор дар баъзе соҳаҳои фаъолият мебошад.

Дар бораи айни замон ба муҳоҷирони корӣ дар кадом соҳаҳо манъ шудани кор маълумот гирдоварӣ кардем.

Ба муҳоҷирон дар соҳа ва ихтисосҳои зерин кор манъ шуд:

Тандурустӣ

Табибон

Ҳамшираҳои шафқат

Дорусозон

Маориф

Омӯзгорон

Омӯзгорони мактабҳои олӣ

Мураббиёни кӯдакистонҳо

Нақлиёт

Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо шумули таксӣ

Бригадаҳои локомотив

Халабонҳо (пилотҳо)

Соҳаҳои марбут ба амнияти давлатӣ

Посбонҳо (муҳофизон)

Кормандони сохторҳои қудратӣ (пулис, артиш)

Муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрдорӣ

Вазифа дар маъмуриятҳо

Нозирон (бозрасонҳо)-и давлатӣ

Касбу ихтисосҳои иловагӣ

Тарҷумонҳо

Котибон

Муҳаррирон

Масъули кадрҳо

Кормандони соҳаи молия

Муҳосибон

Корҳои марбут ба захираҳо

Истихроҷи канданиҳои фоиданок

Савдои маҳсулоти ҷангал (дарахт, чӯбу тахта)

Моҳидорӣ

Шикор

Парвариш ва нигоҳубини ҳайвоноти ваҳшӣ

Сурат аз сомонаи zerkalo.az

Намунаҳои маҳдудиятҳо дар минтақаҳо

Ба сурати умум дар ҳудуди 12 минтақа, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан ва Челябинск барои кори шаҳрвандон дар баъзе соҳаҳо маҳдудият ҷорӣ шуд.

Масалан, дар Севастопол кори муҳоҷирон дар 77 навъи фаъолият манъ шуд.

Дар вилояти Новосибирск кор дар 35 соҳаи иқтисод ва дар вилояти Тула бошад, дар 27 соҳа манъ карда шуд.

Дар Камчатка аз соли 2025 ба фаъолияти кории шаҳрвандони хориҷӣ дар 15 соҳа маҳдудият ҷорӣ мешавад. Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва хидматрасонӣ дар ин бахш, инчунин соҳаҳои амният, маориф, китобхонаҳо ва бойгониҳо дахл мекунанд.

Манъи кори муҳоҷирогн дар соҳаҳои гуногун пештар дар вилояти Калуга, Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансмийск, вилоятҳои Тюмен ва Калининград (аз моҳи октябри соли 2021) ҷорӣ шуда буд.

Сурат: ТАСС

Масъулият барои қонуншиканӣ

Дар баъзе минтақаҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба касбу ихтисоҳои манъшуда ҷаримаи ҷиддӣ муқаррар шудааст. Шахсони ҳуқуқӣ метавонанд то 1 млн рубл, шахсони мансабдор - то 50 ҳазор рубл ва шахсони воқеии муҳоҷирро ба кори манъшуда ҷалбкарда - то 4 ҳазор рубл ҷарима шаванд.

Ташаббусҳои калидӣ ва муаллифони онҳо

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин (“Единая Россия”) аз ҷорӣ гардидани квотаҳо ба шуғли муҳоҷирон ва сахт шудани талабот ба сатҳи касбии онҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҷонибдорӣ мекунад.

“Сипас беҳтарин мактабҳои илмӣ ва омӯзгории мо мутахассисони баландихтисос тайёр мекунанд”, - чунин шарҳ додааст ӯ ин иқдомро.

Ба гуфтаи ӯ, чунин тасмим ба мақомот имкон медиҳад, ки шароити беҳтар барои табибон ва омӯзгорони дохилӣ фароҳам оваранд.

Вячеслав Володин зикр кардааст, ки ҷалби муҳоҷирон ба соҳаи тандурустӣ мувофиқи мақсад нест.

Вячеслав Володин
Сурат аз РИА Новости

Сергей Миронов (“Справедливая Россия”) барои таъмини меъёрҳои баланди хидматрасонии тиббӣ манъи кори муҳоҷиронро дар соҳаи тандурустӣ пешниҳод мекунад.

Миронов изҳор медошт, ки: «ҷараёни беназорати вуруди ба истилоҳ гастарбайтерҳо тамоми кишвари моро пур кардааст».

Ба сурати умум, дар изҳороти ӯ борҳо таъкид мешуд, ки муҳоҷирати корӣ вазъи ҷинояткорӣ дар кишварро ноором намуда, ба афзоиши ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, баҳори соли равон вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор дошт, ки аз шумори умумии ҳамаи ҷиноятҳои содиршуда дар Русия ҳамагӣ 4%-аш ба муҳоҷирон рост меояд.

Чанде пеш Сергей Миронов пешниҳод намуд, ки барои ба зодагони Осиёи Марказӣ додани шаҳрвандии Русия мораторияи мувааққатӣ ҷорӣ карда шавад.

Вакили парлумон хотиррасон намуд, ки ҳанӯз соли 2022 “Справедливая Россия” бо чунин ташаббус изҳори назар карда буд. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳоло, вақте ки мушкилоти афзояндаи муҳоҷират дар маркази таваҷҷуҳи қонунгузорон қарор доранд, бояд боз ба баррасии ин масъала баргашт.

Соли 2023 гурӯҳи вакилон таҳти роҳбарии Миронов ба Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро пешниҳод карданд, ки кори шаҳрвандони хориҷиро дар муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва мактабҳо манъ мекунад.

Сергей Миронов
Сурат: "Коммерсантъ"

Дар шарҳи тарҳи қонун зикр мешуд, ки айни замон дар мавриди афзоиши теъдоди кормандони ғайрикасбии хориҷӣ миёни русиягиҳо муносибати манфӣ зиёд мешавад.

Вакилони парлумон ин ҳолатро бо ҷалби фаъоли қувваҳои иловагии корӣ, асосан аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон рабт медиҳанд.

“Амалисозии ин тарҳи қонун имкон медиҳад, ки афзоиши муҳоҷирон дар соҳаҳои зикршудаи иқтисод хотима ёфта, ба шаҳрвандони Русия ҷойҳои кории иловагӣ фароҳам оварда шавад”, — омадааст дар шарҳи лоиҳаи қонун.

Таърихи мухтасари масъала

Пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав, ки дар содир намудани он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста шуданд, муносибати мақомоти Русия нисбати муҳоҷирон шиддат гирифт.

Ташаббусҳо дар бораи манъи фаъолияти муҳоҷирон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод дар сатҳи федералӣ ва минтақавӣ баррасӣ ва қабул мешаванд.

Садҳо муҳоҷирони тоҷик шикоят карданд, ки онҳоро дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзии Русия бо баҳонаҳои гуногун боздошт мекунанд.

Тибқи маълумоти қаблӣ, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 17,1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои қонуншиканиҳои гуногун аз Русия хориҷ карда шудаанд.

Танҳо дар моҳи охир мақомоти Тоҷикистон дар мавриди поймол шудании ҳуқуқи шаҳрвандонашон дар Русия изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия чанде пеш “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр кард, ки зиёда аз 120 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба он дохил буда,  ба қонуншиканиҳо гумонбар дониста мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.