Чанде пеш дар қаҳвахонаи "У Нукри" маҳфили навбатӣ баргузор шуд, ки ба бисёре аз душанбегиҳо ҳамчун макони баргузории шабҳои ҷолиби синамо ошност. Ин дафъа маҳфил ба мусиқии устоди санъати муосири миллӣ Далер Назаров бахшида шуд. Вале натанҳо мусиқии ӯ, балки нақши ин мусиқӣ дар синамо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд эътироф намуд, ки барои бисёре аз дӯстдорони эҷодиёти Далер маълум шуд, ки ӯ натанҳо барои филмҳои тоҷикӣ, балки хориҷӣ низ мусиқӣ эҷод кардааст.
Дар ин бинои хурди қаҳвахонаи гурҷӣ, ки пур аз гармию меҳрубонӣ, самимияту ихлос ва аз ҳама муҳим, эътимод буд, касоне ҷамъ омаданд, ки мехостанд андешаҳои устоди варзидаро дар бораи мусиқӣ дар синамо бишнаванд, лекин мутаассифона, толор натавонист ҳамаи хоҳишмандонро ғунҷонад.
Маҳфили эҷодӣ ҳақиқатан ҳам муваффақона гузашт — чорабинӣ тақрибан 4 соат давом карда, ҳатто пас аз он ҳам мухлисони оҳангсози маъруф намехостанд ӯро аз саҳна раҳо кунанд. Ҳарчанд Далер Назаров он рӯз нияти таронахонӣ надошт, лекин бо хоҳиши ҳозирин маҷбур шуд, ки гиторро ба даст гирад...
Чаро маҳз мусиқӣ дар синамо?
Вақте ман аз соҳибмулки қаҳвахонаи гурҷӣ Нукри Георгадзе пурсидам, ки чаро маҳфили эҷодии Далер Назаровро маҳз бо таъкиди мусиқии ӯ дар синамо ташкил кард, ӯ чунин шарҳ дод, ки то ҷое медонад, то ҳол касе ба ин паҳлӯи эҷодиёти ӯ таваҷҷуҳ накардааст.
"Касе ба ин бахши муҳим дар фаъолияти эҷодии Далер таваҷҷуҳ зоҳир накардааст. Бисёриҳо ӯро ҳамчун ҳунарманд, овозхон ва оҳангсози сурудҳои худ мешиносанд, лекин начандон таваҷҷуҳ додаанд, ки ба туфайли мусиқии ӯ, филмҳо ба шоҳкориҳо табдил меёбанд. Мехоҳӣ, ки онҳоро такрор ба такрор бубинӣ", — зикр кард Нукри.
Далер Назаров барои зиёда аз 20 филми коргардонҳои кишварҳои гуногун мусиқӣ эҷод кардааст. Аз ҷумла, барои филмҳои "Шик", "Падари моҳтобӣ" ва "Танкер Танго"-и Бахтиёр Худоназаров (Тоҷикистон-Русия), "Пиразанҳо"-и Геннадий Сидоров (Русия), "Ҷанги тарёк"-и Сиддиқ Бармак (Афғонистон), "England!" (Олмон), "Биҳишти гумшуда"-и Марат Конурова (Қазоқистон).
Ва ҳамчунин: "Қиёми рӯз", "Оинаи беҷило" ва "Муаллим"-и Носир Саидов (Тоҷикистон).
Илова бар ин, сурудҳои Далер бидуни иҷозаи ӯ дар дигар филмҳо низ истифода мешаванд. Мусиқии ӯ дар филмҳои мустанад низ садо медиҳад.
Ғайр аз ин, Далер Назаров дар нақшҳои асосӣ ҳунарнамоӣ карда, дар филмҳое чун "Улгу" (Кумир)-и Ёрмаҳмад Аралеев (соли 1988) ва "Ишқ"-и коргардони эронӣ Муҳсини Махмалбоф (соли 2005) сурудҳо иҷро намудааст.
Дар қисми аввали шом бахши мусиқӣ аз бисёр филмҳои зикршуда ба намоиш гузошта шуда, ба тамошобинон имконият фароҳам оварда шуд, ки аз мусиқии оҳангсоз дар жанрҳои гуногун лаззат баранд.
Қобили зикр аст, ки мусиқии ӯ фаротар аз марзи фарҳанги миллӣ баромада, дар баъзе филмҳо тахмин кардан душвор аст, ки ин асарро Далер навиштааст. Ин ҳама аз гуногунҷанба будани мусиқии ӯ шаҳодат медиҳад.
Дар бораи аҳаммияти ҷӯршавии мусиқӣ
“Ҳангоми тамошои ҳама гуна филм, мо на ҳамеша дарк мекунем, ки тамошои он бароямон то кадом андоза бароҳат аст, зеро мо онро ҳамчун як унсури ягона пазируфта, ба таркибҳо тақсим намекунем. Дар ҳамин ҳол, ҳар як филм ҳунарҳои зиёдеро дар бар мегирад.
Худи синамо як санъати маҷмӯӣ аст, ки дар эҷоди ин воҳиди ягона ва мутаносиб одамони касбу ихтисоси гуногун, аз ҷумла оҳангсозон, саҳм мегузоранд”, - зикр кард зимни суханронӣ синамошиноси машҳур Саноат Азизова ва таъкид дошт, ки маҳз бо кӯмаки онҳо муаллифони филм ба натиҷаи дилхоҳ мерасанд ва андешаи худро амалӣ месозанд.
“Ба ибораи дигар, мусиқӣ дар эҷоди як мозаикаи комил саҳм гузошта, ба яке аз таркибҳои асосии филм табдил меёбад”, - илова намуд номбурда.
Дар бораи эҷодиёти Далер Назаров ҳамчун оҳангсоз дар паёмҳои видеоии худ сенариянависи маъруф Ираклий Квирикадзе, нависанда Тимур Зулфиқоров, овозхон Парвин Юсуфӣ ва коргардон Фирӯз Сабзалиев изҳори назар карданд.
“Сарфи назар аз ба кадом филме мусиқӣ эҷод кардани Далер, ӯ онро дар сатҳи олӣ анҷом медиҳад. Мусиқии ӯ ба ягон чизи дигар комилан монанд нест. Ин аз он ҳолатҳоест, ки мо бояд мафҳуми чӣ маънӣ доштани мусиқии дуруст дар филми хубро дарк намоем”, - таъкид кард Квирикадзе.
Пас аз намоиши наворҳои кӯтоҳ (видеороликҳо) бо филмҳо, ки дар онҳо мусиқии оҳангсоз садо медиҳад, ходими соҳаи фарҳанг Амал Хонум Ҳоҷиева эътироф намуд, ки бисёр шигифтзада шуд, зеро баъзе оҳангҳоро бори аввал мешунид.
"Мусиқии шумо ба ҳар як лаҳза (эпизод) то кадом андоза мутаносиб аст", - гуфт ӯ ба оҳангсоз.
Бархе аз ҳозирини чорабинӣ эҳсосоти худро пинҳон дошта натавонистанд. Масалан, омӯзгор аз Русия Екатерина Дон аз мусиқии оҳангсоз ба дараҷае мутаассир шуд, ки аз эҳсосоти саршор ашк рехт.
"Вақте эътироф намудед, ки таҳсилоти мусиқӣ надоред, ҳама ҳайрон мондем. Шумо як мусиқинавози худодод ҳастед, аз ин рӯ натанҳо ифтихори кишвари мо, балки мусиқии ҷаҳонӣ низ ҳастед", - гуфт Гулнора Нуралиева ва ба оҳангсоз барои эҷодиёти зебояш изҳори сипос кард.
Суҳбат бо тамошобинон
Суҳбати Далер дар бораи кор рӯйи филмҳо, муносибат бо коргардону ҳунармандон хеле ҷолиб сурат гирифта, ба як навъ худиқрорӣ натанҳо дар бораи эҷодиёт, балки дар бораи фалсафаи зиндагӣ низ табдил ёфт.
Оҳангсоз зикр кард, ки ба комёбӣ дар эҷодиёт ба шарофати падару модар ва устодонаш даст ёфтааст, ки тӯли зиндагиаш кам набуданд. Аз ҷумла, Мақсудшо Иматшоев, Давлат Худоназаров, Заур Дахте, Бахтиёр Худойназаров ва дигарон, ки ҳар яке “чизеро аз худ, беҳтаринаш”-ро ба ӯ додаанд.
Ба саволи ҳозирин дар бораи аз куҷо пайдо шудани илҳом барои эҷоди мусиқӣ, оҳангсоз эътироф намуд, ки барои навиштани мусиқӣ бояд эҳсосотеро аз сар гузаронад.
"Агар бо коргардон дӯст нашавам ё ба ҳунарпеша дил набандам, ҳеҷ мусиқие нахоҳад буд. Як чизи муҳим бояд рух диҳад, ки ман тавонам қиссаро аз сари худ гузаронам", - гуфт Далер Назаров ва илова кард, ки бахти оҳангсоз дар он аст, ки асарҳои ӯро аз ӯ гирифтан ғайриимкон аст.
"Агар ҳайкалтарош аз ҳайкалаш ва коргардон аз филмаш маҳрум шавад, пас бартарии композитор дар он аст, ки мусиқии ӯ ҳамеша бо ӯ мемонад".
Ва боз Назаров эътироф кард, ки ба туфайли ин шоми эҷодӣ дар зеҳнаш идеяи ҷамъоварии тамоми асарҳои мусиқие, ки дар филмҳо истифода шуданд ё ҳатто нашудаанд, инчунин муттаҳид намудани онҳо дар як филми бузург пайдо шуд. Аммо ин нақшаҳо барои ояндаанд.
Дар ин шом тамошобинон хеле хуб истироҳат карданд. Иштирокчиёни маҳфил саволҳои гуногун медоданду посух мегирифтанд, бо оҳангози дӯстдоштаи худ акс мегирифтанд ва бо эҳсоси самимӣ аз ӯ иҷрои таронаҳои писандидаашонро хоҳиш мекарданд. Ба назар мерасид, ки гӯё гузаштани вақтро ҳама як лаҳза фаромӯш кардаанд.
Дар фарҷом ба созмондиҳандаи чунин вохӯрии самимонаву дилнишин - Нукри Георгадзе изҳори сипос мекунем, ки дар як бинои хурд ба густариши ҳунари синамо машғул буда, талош мекунад, ки ҳарчи бештар сокинони Душанберо ба ин санъат ошно созад.