Аз оғози сол дар доираи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” ба 112 ҳазору 689 оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 67 млн 613 ҳазору 400 сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд.
Тавре ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соли ҷорӣ ба гурӯҳҳои гуногуни оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 600 сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд.
Аз ҷумла, ба оилаҳои зерин:
- ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ аз 3 нафар зиёд кӯдакони синни то 16-сола доранд, ба маблағи 50,9 млн сомонӣ;
- ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ аз 2 нафар зиёд шахсони маъюб доранд, ба маблағи зиёда аз 883 ҳазор сомонӣ;
- ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ шахсони пироносоли синни аз 65-сола боло доранд, ба маблағи 15,8 млн сомонӣ.
Маблағи умумии кумаки якдафъаина зиёда аз 67,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ҷараёни гирифтани кумак ва шартҳо
Кумакпулии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ ба сарони оилаҳое дода мешавад, ки ба талаботи зикршуда мувофиқ меоянд. Дар сурати беморӣ, вафот ва ё муваққатан дар маҳали зисти доимӣ набудани сардори оила, шахси муътамади ӯ маблағи кумакпулиро дар асоси ваколатнома гирифта метавонад. Ваколатнома аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия дода мешавад.
Пардохти кумакпулӣ аз ҷониби марказҳои хизматрасони “Амонатбонк” дар маҳалли зисти гирандаи кумакпулӣ анҷом дода мешавад. Инчунин, “Амонатбонк” дар асоси руйхати ном ба номи электрониии гирандагони кумакпулӣ, ки аз ҷониби Агентӣ пешниҳод карда мешаванд, маблағи кумакпулиро ба ҳисоби шахсии гирандагони кумакпулӣ, ки дар филиалҳои “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳо кушода мешаванд, интиқол медиҳад.
Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ тавассути гранти байнулмилалӣ маблағгузорӣ шуда, ба дастгирии оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ равона шудааст.
Созишнома дар ин хусус бо Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ба маблағи 35 млн доллар моҳи июни соли 2023 ба имзо расида буд.
Оё шумо камбизоатед? Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи мо “Чӣ тавр метавон муайян кард, ки шумо камбизоатед?” қобили дарёфт аст.
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 12 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста