Рӯзи 8 феврал аз оғози сохтмони майдони “Дӯстӣ” 90 сол пур шуд. Аз таърихи бунёд ва тағйири сохту номи ин майдон суратгузориш таҳия кардем.
Ба майдони асосии пойтахти Тоҷикистон бори аввал 8 феврали соли 1935 пас аз анҷоми корҳои асосии сохтмони Главпочтамт (пурра дар моҳи ноябри соли 1935 ба истифода дода шуд) номи «Майдони Алоқа» (Площадь Связи) гузошта шуд.
Он замон майдон “Хонаи Алоқа” (Дом связи) номида мешуд, ки лоиҳаашро Моспроект таҳия карда буд.
Лоиҳаи “Майдони Алоқа”-ро меъмор Сергей Кутин таҳия намуда, ба тарҳи почтамт баъзе тағйирот ворид намуд ва онро бо маҳалли сохтмон мутобиқ сохт. Қаблан дар ҷои почтамт ва қисме аз майдони имрӯзаи “Дӯстӣ” қабристони кӯҳнаи шаҳр ҷойгир буд.
Соли 1932 бинобар сабаби суръати баланди сохтмон ва рушди пойтахт, мақомоти шаҳр қабристонро ба ҷойи нав кӯчониданд.
Мавриди зикр аст, ки дар он солҳо майдон аз андозаи имрӯзааш хеле хурдтар буд.
Дар охири солҳои 40-ум пас аз анҷоми сохтмони Бинои ҳукумат, ки дар он Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ҷойгир шуд (меъмор – Стефан Анисимов), «Майдони Алоқа» номи худро тағйир дод. Бо қарори Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе он ба «Майдони 1 Май» табдили ном кард.
Пас аз чанд сол, соли 1954, майдон боз номашро иваз карда, «Советӣ» (Советский) ном гирифт.
Соли 1961 дар тарафи ғарбии майдон муҷассамаи Ленин бо минбари ҳукуматӣ насб гардид. Мутаносибан ҳамон сол ба майдон номи Ленин гузошта шуд.
Пас аз касби истиқлолияти Тоҷикистон дар ҷои ҳайкали Ленин муҷассамаи шоири бузурги Шарқ – Абулқосим Фирдавсӣ қомат афрохта, майдон «Озодӣ» номида шуд.
Соли 1997 ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён бо насби муҷассамаи ҳокими он – Исмоили Сомонӣ маҷмааи муҳташами меъморӣ сохта шуд, ки унсури асосии майдон гардид ва он номи нави «Дӯстӣ»-ро гирифт.