Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як огоҳӣ гуфтааст, ки вақтҳои охир дар ин кишвар гурӯҳи миёнаравҳо муҳоҷиронро ба қайди муваққатии қалбакӣ мегузоранд, ки ин кор ваъзи будубоши онҳоро дар Русия зери хатар мемонад.

Дар робита ба ин, намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки барои дар Русия дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштани худ ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар манзили соҳибмулк ба қайд гузоранд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, муҳоҷирон ин корро тавассути пойгоҳи “Госуслуги” тариқи фосилавӣ ҳам анҷом дода метавонанд.

Манбаъ навиштааст, дар ҳолати набудани соҳибмулк дар қайди пойгоҳи мазкур муҳоҷирон метавонанд ба мақомоти қабулкунандаҳои ҳуҷҷатҳои давлатӣ “Мои документы” рафта, ҳуҷҷатҳои худро расман ва қонунӣ ба қайд гиранд.

 

Намогирифт

Намояндагии Вазорати меҳнат гуфтааст, ки муҳоҷирон агар саволе дошта бошанд ва ё ёрии ҳуқуқи ройгон самти муҳоҷират ба онҳо лозим бошад, метавонанд ба ин намояндагӣ  бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва паёмрасони “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ин дуввумин ҳушдори ин ниҳод дар як ҳафтаи охир аст. Ҳафтаи гузашта Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як огоҳӣ аз муҳоҷирон хост, ҳангоми сафар ба Русия ва ё бозгашт ба ватан аз бурдани бор, ҳуҷҷат ва дигар ашёҳои шахсони ношинос, ки таркибашон муайян нест, худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод ҳамчунин аз муҳоҷирон талаб кард, ҳангоми сафар аз як вилоят ба вилояти дигари Русия бағоҷҳои шахсони ношиносро интиқол надиҳанд.

Аз муҳоҷироне, ки ба таксиронӣ ва колорасонӣ машғуланд хост, вақти қабули фармоиш ҳатман аз фармоишгар таркиби ашё ё баҷоғи мебурдаашонро пурсон шаванд, то фаҳманд дохили он чӣ дорад.

Дар идома ин ниҳод аз муҳоҷирон хост, ашёҳоеро, ки истифодаашон манъ ва ғайриқонунӣ аст, ба дигар ҷо интиқол надиҳанд.

Аммо ин ниҳод нагуфт, ки бо кадом сабабу ангезаҳо ба муҳоҷирон чунин ҳушдор додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.