Шаҳрдории Душанбе танҳо ба 4 ширкати мусофиркашонӣ иҷоза додааст, ки дар пойтахт фаъолият кунанд ва дар умум, 12 ҳазор мошин дошта бошанд. Қаблан 12 ширкат бо ҳудуди 4,3 ҳазор мошин ба кирокашӣ машғул баданд.
Дар қарори нав, ки бо имзои яке аз муовинони шаҳрдори пойтахт ба ширкатҳои кирокаш ирсол шуда, нусхаи он дастраси "Азия-Плюс" гардид, зикр мешавад, ки минбаъд дар ҳудуди пойтахт танҳо ширкатҳои “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” ҳаққи фаъолият доранд ва ҳар яке аз ин ширкатҳо метавонанд 3 ҳазор таксӣ дошта бошанд. Аз онҳо талаб шудааст, ки квотаи ҷудошударо қатъӣ риоя кунанд.
Шаҳрдории Душанбе ба чор ширкате, ки иҷозаи мусофиркашонӣ дар пойтахтро дарёфт карданд супориш додааст, ки дар дохили таксиҳо камераҳои назоратӣ насб намоянд, пардохтро ғайринақдӣ қабул ва ба мусофирон расид пешниҳод кунанд.
Ҳамчунин, дастур шудааст, ки кирокашҳои ин ширкатҳо берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул нашаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан шаҳрдории пойтахт хабар дода буд, ки то тобистони соли гузашта дар Душанбе 12 ширкати кирокаш бо 4350 мошин ба аҳолӣ хидмат мерасонанд.
Пас аз қарори нави шаҳрдорӣ, тақдири 8 ширкати дигари кирокаш чӣ хоҳад буд, номаълум аст.
Дар ҳамин ҳол, як моҳи охир ронандагони бархе аз ширкатҳо дар шабакаҳои иҷтмоӣ шикоят доранд, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ рақами мошинашонро мекананд ва монеи фаъолияташон мешаванд. Бархеи онҳо иддао мекарданд, ки мошинҳояшонро аз бонк қарз гирифта харидаанд ва ҳар моҳ бояд пули онро бипардозанд.



