Иброҳим Раисӣ, ходими дин, ҳамдиёри пешвои рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманайӣ ва раҳбари пешини Додгоҳи олӣ, дар интихоботе, ки аксари эрониҳо онро тақаллубкорӣ мешуморанд, ба сари қудрат расид. Бино ба гузориши бахши русии Би-би-сӣ, онҳо Раисиро номзаде меноманд, ки оятуллоҳ барои фурӯ нишондани тазоҳурот таъйин кардааст.

Раисӣ дар бинои Маҷлис дар Теҳрон савганд ёд кард. Мақомоти Эрон қаблан гуфта буданд, ки дар ин маросим беш аз 100 мансабдорони расмӣ аз 73 кишвар, намояндагони Дабири кулли СММ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат доштанд.

Президенти тозаинтихобии Эрон чандин бор изҳор дошта буд, ки  барои мубориза бо таҳримҳои Амрико азми қавӣ дорад. Бо вуҷуди ин, ба президенти нав лозим меояд, ки бо як қатор мушкилоти дигар рӯбарӯ шавад. Ӯ натанҳо хотима бахшидан ба таҳримҳои “золимона”-и ИМА, балки таъмини мустақилияти иқтисодии Эронро низ зарур медонад, то ки ин таҳримҳо ба зиндагии рӯзмарраи мардуми одӣ таъсир нарасонанд.

Таҳримҳои Амрико даромади Эронро аз содироти нафт якбора коҳиш дода, дастрасӣ ба захираҳои асъории хориҷиашро қатъ карданд. Иқтисоди Эрон ба таври доимӣ бо сатҳи таварруми баланд дучор буда, аммо болоравии нархи ҷаҳонии бисёре аз молҳо мушкилотро боз ҳам душвортар кардааст. Аксари коршиносони масоили иқтисодии Эрон пешгӯӣ мекунанд, ки таваррум дар кишвар ҳадди аққал то охири сол дар сатҳи 40% боқӣ хоҳад монд, хабар медиҳад Ал-Ҷазира.

Ҳам Раисӣ ва ҳам Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки воқеан сиёсати байналмилалии Эронро муайян мекунанд, аз музокирот бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи лағви таҳримҳо бар ивази назорати байналмилалӣ бар барномаи ҳастаии Эрон саркашӣ намекунанд, балки шартҳое пеш мегузоранд, ки иҷрояш ғайриимкон аст, масалан, доштани кафолат дар бораи он, ки дигар ягон маъмурияти ояндаи Амрико таҳрим ҷорӣ намекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.