Тибқи баҳогузории СММ, иқтисоди Украина дар соли 2023 дар рукуд қарор хоҳад гирифт. Хароҷоти барқарорсозии зерсохтори кишвар, ки дар натиҷаи ҷанг осеб дидааст, низ зиёд шудааст: СММ маблағи заруриро барои ин 411 млрд доллар арзёбӣ кардааст.
Дар ин бора дар гузориши СММ таҳти унвони "Вазъи иқтисоди ҷаҳон ва дурнамои он" маълумот дода мешавад.
Тибқи маълумоти СММ, дар соли 2022, иқтисоди Украина қисми зиёди иқтидори саноатӣ ва зербинои энергетикиро аз даст дод ва дар соли 2022 ба андозаи 29,1% коҳиш ёфт.
“Дурнамои дарозмуддат аз давомнокӣ ва шиддати ҷанг, инчунин тавони маблағгузории кишвар барои барқарорсозӣ, ки маблағи он 411 млрд доллар арзёбӣ мешавад, вобаста аст”, - омадааст дар гузориш.
Дар охири моҳи март Бонки ҷаҳонӣ маблағи барқарорсозии Украинаро то 411 млрд доллар ва қаблан онро 349 млрд доллар арзёбӣ карда буд. Рӯзи 4 май президенти Украина Владимир Зеленский хисороти ворида ба кишвараш аз даргириҳои низомиро 400 млрд доллар номбар карда буд.