Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар машварати V-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 23-26-уми июн дар Қирғизистон баргузор мегардад, Нақшаи амалисозии Созишномаи байниҳукуматии кишварҳо дар соҳаи фарҳанг тасдиқ мегардад. Аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар машварат ҳамчунин баррасии Нақшаи кори гурӯҳи коршиносон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ дар чаҳорчӯби ИДМ барои солҳои 2008-2009 ва Муқаррароти тартиби баргузории Фестивали санъат пешбинӣ шудааст. Дар машварат ширкати вазири фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон Султон Раев, вазири фарҳанги Чин У Тсай, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Мухтор Қул-Муҳаммед, вазири фарҳанги Русия Александр Авдеев, вазир оид ба корҳои фарҳанг ва варзиши Ӯзбекистон Рустам Қурбонов ва вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар чаҳорчӯби чорабиниҳои машварат дар толори намоишгоҳи мамнӯъгоҳи давлатии таърихӣ ва фарҳангии Иссиқкӯл дар шаҳри Чолпон-Ато намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои ороишӣ ва дастӣ баргузор мегардад.