Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Маркази фарҳангии «Бактрия» дар доираи чорабиниҳои фестивали мусиқии «Fete de la musique» шаби эҷодии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Толибхон Шаҳидӣ доир мегардад. Т.Шаҳидӣ соли 1946 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи оҳангсози машҳур Зиёдулло Шаҳидӣ таваллуд шудааст. Ӯ дар мактабҳои мусиқӣ аз устодони варзида Сергей Баласанян, Андрей Эшпай ва оҳангсози машҳур Арам Хачатурян сабақ омӯхтааст. Дар солҳои 70-уми асри гузашта манзумаи симфонии «Ҷашн» офарида шуда, балетҳои «Сиёвуш» ва «Марги судхӯр» рӯи саҳна омаданд. Соли 1980 коргардон Б.Кимёгаров филм-балети «Рубоиёти Хайём»-ро ба навор гирифт, ки дар он оҳанҳои Т.Шаҳидӣ истифода шудааст. Солҳои 80-ум манзумаи симфонии «Садо» офарида шуд. Дар солҳои истиқлолият Т.Шаҳидӣ оҳангҳои консерти №2 барои оркестри созӣ, каприччио барои саксофон ва оркестри созиро офаридааст. Дар ҳамин давра ӯ дар як қатор чорабиниҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Эрон, Олмон, Австрия, ИМА ва Латвия ширкат варзидааст. Толибхон Шаҳидӣ ташкилотчии хуби соҳаи фарҳанг мебошад. Ӯ солҳои 1987-1989 ба ҳайси директор ва роҳбари бадеии Театри давлатии опера ва балет ифои вазифа намуда, солҳои 1989-1992 дар вазифаи муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ кор кардааст. Соли 2008 Т.Шаҳидӣ яке аз ташкилкунандагон ва иштирокчии фестивали мусиқии классикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе буд.
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста