Конибодом. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бинои театри давлатии мусиқӣ ва драмавии ба номи Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, ки солҳои 30-уми асри гузашта бунёд ёфтааст, ба азнавсозӣ ва таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад.
Мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом Заррина Раҳимҷонова мегӯяд, ки дар муддати тамоми фаъолияти театр якчанд маротиба таъмири ҷорӣ гузаронида шуда буд, вале барои таъмири асосӣ маблағ кифоя намекард.
Ба гуфтаи ӯ, шӯъбаи фарҳанги шаҳр ба вазорати фарҳанг ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои таъмир муроҷиат кард.
«Гап сари он аст, ки барои сохтмони бинои нав маблағи хеле зиёд зарур аст, вале алҳол метавон дар бинои кӯҳнаи театр таъмири асосӣ гузаронид», - идома дод З.Раҳимҷонова.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли ӯ, нисбат ба солҳои пешин маблағгузорӣ аз буҷаи давлатӣ ба соҳаи фарҳанг афзудааст.
«Соли равон барои таъмир ва бою ғанӣ гардонидани фонди адабиёти китобхонаи марказии шаҳр ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ аз буҷаи Вазорати фарҳанг 13,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, - гуфт мудири шӯъбаи фарҳанг. - Барои мактаби нави санъати кӯдакона, дастрас кардани нақлиёт барои ҳунармандон ва харидории сарулибоси театрӣ аз буҷаи вилоятӣ ва шаҳрӣ мутаносибан 50 ҳазор ва 37,4 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос дода шуд».
«Дар навбати худ дастаҳои ҳунарӣ ва кормандони мо дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҷассамаву ёдгориҳои боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳрро барқарору таъмир сохтанд», - афзуд З.Раҳимҷонова.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста