Панҷакент. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Панҷакент ба муносибати таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷаллаи мусаввари иттилоотии «Панҷакент» ба табъ хоҳад расид.
Аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нашри маҷалла бо ташаббуси раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷалла оид ба ҷуғрофия, иқтисод,
фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти шаҳру ноҳия маълумот дарҷ хоҳад гардид.
«Айни замон мавод ҷамъоварӣ мешавад ва ҷиҳати нашри маҷалла корҳои омодагӣ сурат мегиранд, - идома дод манбаъ. - Маҷалларо ба меҳмононе, ки ба ҷашн меоянд, тақдим мекунанд»
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябр дар шаҳри Панҷакент бахшида ба таҷлили ҷашни 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабиниҳои асосии идона баргузор мешаванд.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста