Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ба ифтихори ҷашни Рӯзи забон ҳунармандони театри мусиқиву драмавии Конибодом намоишномаи нав омода месозанд.
Директори театри номбурда Сиддиқбой Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба муносибати таҷлили ҷашнҳои 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли гиромидошти забони тоҷикӣ ҳунармандони театр аз рӯи песаи драматурги маъруфи тоҷик Муҳиддин Хоҷазода намоишномаи наверо бо номи «Рӯзи охирини биноӣ»
омода сохта истодаанд.
Ба гуфтаи С.Неъматов, коргардони намоишнома Мухтор Ҳайдаров буда, он ба ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ бахшида шудааст.
«Намоишнома бори нахуст 22-уми июл, дар рӯзи таҷлили ҷашни Рӯзи забон ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд», - афзуд директори театр.
Дар ҳамин ҳол, котиби комиссияи шаҳрӣ оид ба назорати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забон» Солеҳа Ваҳҳобова дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» баён дошт, ки чанде қабл дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо иштироки раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод ва арбобони шинохтаи сиёсату илм дар мавзӯи аҳамияти забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ҳаёт ва эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ ва масоили рушди фарҳанг, илм ва маориф сӯҳбатҳову вохӯриҳои ҷолиб барпо шуданд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста