Аввали ҳамин ҳафта дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 37-умин иҷлоси Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ба кор шурӯъ кард.

Бино ба иттилои депатраменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори ҷаласа, ки то 20 ноябр идома меёбад, ҳайати расмии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова ширкат меварзад. Ба ҳайат инчунин раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев ва котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова шомил ҳастанд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти ҷаласа баррасии ҷанбаҳои муҳими фаъолияти Созмон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, коммуникатсия ва иттилоот, муҳокимаи масъалаҳои сиёсати умумӣ, тасдиқи лоиҳаи барнома ва буҷаи ЮНЕСКО барои солҳои 2014-2017, инчунин баргузории интихобот ба мақомоти дахлдори ЮНЕСКО (Шурои иҷроия, Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, Шурои байниҳукуматии барномаи байналмилалии гидрологӣ ва ғ.), аз ҷумла таъйини Мудири кулли ЮНЕСКО ба муҳлати навбатии чорсола дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар баробари масоили сиёсати умумӣ, зимни чорабинӣ инчунин масъалаҳои воридсозии ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳои бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлилшаванда матраҳ мешаванд.

 Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳошияи ҷаласаи Конфронс суханронии роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон, муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова, инчунин вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайати Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ва дигар намояндагони воломақоми созмон дар назар аст.