Ҳадди ақалл дар ҳашт кишвари ҷаҳон, бо шумули Эрон дар робита ба садамаи чархболи президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯ мотам эълон шуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Бино ба маълумот ТАСС, ин кишварҳо Ҳиндустон, Ироқ, Лубнон, Покистон, Сурия ва Туркия мебошанд.
“Дар аксари кишварҳо мотами якрӯза эълон шуда, танҳо дар Сурия ва Лубнон он ба муддати се рӯз ва Тоҷикистон - ду рӯз давом мекунад. Дар худи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзҳои мотам панҷ рӯз эълон шудааст”, - хабар медиҳад ТАСС.
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ба ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ танҳо дастур дода шудааст, ки дар муддати ду рӯз аз намоиши барномаҳои фароғатӣ худдорӣ кунанд. Чунин қарор аз ҷониби Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ қабул шудааст, хабар додааст ба Sputnik Тоҷикистон раиси Кумита Нуриддин Саид.
“"Ин нишонаи ҳамдардиву тасаллияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо Эрон аст", - гуфтааст Нуриддин Саид.
Дар Тоҷикистон дар бораи мотам расман хабар дода нашудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати баландпояи ҳамроҳаш дар пайи суқути чархбол ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раис ҷумҳури Эрон барқияи тасаллӣ ирсол кард.
“Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем”, - омадааст дар барқияи тасаллии Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин дар ин робита Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе ба Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
“Дар робита ба ин мусибати гарон, аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил хоҳонам”, - зикр мегардад дар барқияи Рустами Эмомалӣ.





Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста