Қӯрғонтеппа. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
- Дар шаҳри Қӯргонтеппа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар мавзӯи «Азобу шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва зимни баргузории тафтишоти пешакӣ» мизи мудаввар доир гашт.
Роҳбари Ташкилоти ғайридавлатии «Рушд» Юсуф Маҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар мусоидат ба паст кардани истифодаи шиканҷа ва огоҳсозии аҳолӣ бо қонунҳо дар ин самт аст.
Ба назари иштирокчиёни мизи мудаввар, дар Тоҷикистон истифодаи шиканҷа, ҳодисаҳои боздошти ғайриқонунӣ ва муносибати дағалонаи кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мушоҳида расидаанд.
Зикр гардид, ки амали боздошти ғайриқонунӣ, оғози ғайриқонунии парвандаи ҷиноӣ ба қайд гирифта шуда, ҳангоме суд гумонбаршудагонро сафед мекунад, ҳеҷ кас бобати нақзи ҳуқуқҳои ин шаҳрвандон масъул нест.
Ҳимоятгар Акрам Осаққолов изҳор дошт, ки масъалаи ширкати қонунии ҳимоятгарон дар ҷараёни боздошт ва баргузории тафтишоти пешакӣ ба тағйирот ниёз дорад.
«Барои пешгирии истифодаи шиканҷа зарур аст, ба қонун чунин тағйироте ворид сохт, ки дар он ба ҳимоятгар ҳуқуқ дода шавад, аз оғози боздошти шаҳрванд ва дар муддати тамоми тафтишот ширкат варзида тавонад, - гуфт ӯ. – Дар ин сурат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон надоранд, ба истифодаи қувва ва дигар шаклҳои шиканҷа даст зананд».
Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони сохторҳои қудратӣ шаҳрвандро дастгир намуда, аввал аз ӯ баёноти заруриро барои худ мегиранд ва сипас ба ҳимоятгар иҷозати иштирокро медиҳанд. Дар мурофиаи судӣ маҳз ҳамин баёноти аввал ба назар гирифта мешавад.
Ҳамчунин ба ақидаи иштирокчиён, барои пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҳои ҳуқуқӣ зарур аст.
Дар чорабинӣ ҳимоятгарон, кормандони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, омӯзгорон ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд. Ю.Маҳмадов таъкид сохт, ки ба чорабинӣ инчунин кормандони мақомоти прокуратура ва Раёсати корҳои дохилии вилоят низ даъват шуданд, вале онҳо аз иштирок худдорӣ карданд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста