Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Кумитаи СММ муқобили шиканҷа. Пас аз як сол: комёбиҳо ва дурнамои оянда» мушовири Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Паём Фурӯғӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ба намояндагони Салиби Сурх ва дигар намояндагони дифоъ аз ҳуқуқи иносн иҷозати вуруд ба зиндонҳоро диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2004 президенти кишвар ба намояндагони Салиби Сурх барои вуруд ба маҳбасҳо ва робитаи доимӣ доштан бо маҳбусон иҷозат дода буд. «Шояд ҳукуматдорон аз он дар ҳарос афтоданд, ки амалҳои шиканҷа ва рафтори дағалонаи онҳо бо зиндониён ошкор мегардад, зеро чунин таҷрибаи манфӣ ба ӯҳдадориҳои қабулкардаи ҷумҳурӣ дар доираи қарордодҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест, - гуфт П.Фурӯғӣ. - Ман бар он назарам, ки Тоҷикистон бояд бо намояндагони Салиби Сурх кушоду ошкоро рафтор кунад ва ин нуфузи кишварро дар арсаи байнулмилалӣ баланд хоҳад бардошт».
Мудири шӯъбаи риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони маъмурияти президенти ҶТ Юсуф Салимов мегӯяд, ки дар кишвар воқеан ҳам макони боздошти гумонбаршудагон ва зиндонҳо ба таври мунтазам аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ санҷида намешаванд. Ӯ қайд кард, ки мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ҳалли ин мушкилотро осонтар мекунад.
Мушовири сарвари давлат оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Зариф Ализода афзуд, ки айни замон ҷиҳати таъсиси чунин ниҳод корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки феълан рӯи таҳияи Кодекси нави ҷиноятӣ ва мурофиавӣ кор бурда мешавад ва он тирамоҳи соли 2008 ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Афсари Ассотсиатсияи пешгирии шиканҷа Мэтю Прингл гузориши мухтасари натиҷавии мулоҳизаҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳидро муаррифӣ сохта, таъкид кард, ки иттилоот дар бораи истифодаи шиканҷа, рафтори дағалонаи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба маҳбусон, шароити номусоиди зист, ҳолати бади хизматрасонии тиббӣ ва набудани имкони баргузории санҷиши мунтазам ташвишовар аст.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста